Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Шӯрои директорон дар ТҒТ ва самаранокии истифодаи онҳо

Мавқеи Шӯрои директорон дар раванди идоракунии стратегӣ аз баҳодиҳии танқидӣ ва тасдиқи нақшаҳои стратегӣ, инчунин ҳангоми зарурӣ аз коркард ва беҳтаркунии қисматҳои стратегия иборат аст.

Ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, инчунин «воҳиди андозагирии самараноки» барои иҷро намудани миссия дар як қатор соҳаҳои алоҳида талаб карда мешавад. Ҳамин тавр, барои баҳодиҳии ҳолати саломатӣ ва қобилияти меҳнатии одамон иҷрои ҳаракатҳои муайян зарур буда, бинобар ин, барои баҳодиҳии «ҳолати солим ва қобилияти меҳнатӣ» ташкилотро дар ин ё он маҷмӯи андозагирӣ бояд амалӣ кард. Дараҷаи самаранокии ин фаъолияти таркибии ҷудонопазири ташкилот ва роҳбарияти он мебошад. Самаранокиро мунтазам андозагирӣ намуда, онро бефосила баланд бардоштан зарур аст.

Ҳоло дар аксарияти ТҒТ - Шӯрои директорони пайваста амалкунанда вуҷуд дорад, ки то ҳанӯз ташкилотҳои тиҷоратӣ онро истисно менамоянд. Чизҳое вомехӯранд, ки дар таҷрибаи бизнес камтаранд: иҷрокунандаи асосии вазифаи директор, ҳақиқатан, дар тобеияти Шӯрои директорон буда, натиҷаи фаъолияти иҷрокунандаи асосии директор ҳар сол дар ҷаласаи Шӯро дида мешавад. Дар ташкилотҳои тиҷоратӣ омили тамоман бемисл мавҷуд аст: Шӯрои директорон кореро нишон додаанд, ки ҳар сол бо нишондиҳандаҳои пешакӣ муқаррарнамудаи фаъолият муқоиса карда мешавад. Ҳамин тариқ, Шӯрои директорон самти дуюме мебошад, ки мувофиқи он ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба тиҷоратӣ афзалият медиҳанд.

Дар заминаи қонунҳои ИМА Шӯрои директорон то ҳол ҳамчун узви «идоракунанда»-и корпорация ба шумор меравад. Мутахассисони соҳаи менеҷмент ба он мувофиқат доранд, ки Шӯрои директорони пурқувват ба ҳар як ташкилот бартарии бештар медиҳад. Дар 20 соли охир доир ба ин ақида китоб ва мақолаҳои зиёде нашр шудааст. Ба ин нигоҳ накарда, қариб ним аср боз роҳбарияти олии ширкатҳои калон мавқеъ, ваколати ҳукуматӣ ва мухторияи Шӯрои директоронро барҳам додаанд. Ҳар гоҳе ки вазъият дар ширкат муташанниҷ мегардад, Шӯрои директорон аз ҳама охир огоҳ меёбад. Доир ба Шӯрои самаранок воқеан ба таҷрибаи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ бояд муроҷиат намуд, аммо дар ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушода ҷустуҷӯи Шӯрои директорони пурқувват амалан бефоида аст.

Чунин мавқеъ таърихӣ аст. Маълуман маҳз Шӯрои директорон ҳамаи корҳоро дар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ идора мекард (ва ё кӯшиши идора карданро менамуд). Ҳақиқатан ҳам, аксарияти ташкилотҳои

пешина
аз 469
навбатӣ