Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ; 3. қобилияти навоварӣ; 4. ҳаҷми дарозмуддати маблағгузорӣ; 5. мавқеи молиявӣ; 6. қобилият барои ҷалб ва рушди баландифати захираи инсонӣ; 7. масъулият дар назди ҷомеа ва муҳити атроф; 8. истифодаи васеи активҳои ширкат.
    Зоҳиран рӯйхати мазкурро давом додан мумкин буд. Як қатор аз ин меъёрҳо (масалан 1, 3, 6, 7) барои баҳодиҳии самаранокии TFT рост меоянд.
    Вале ҳатто барои муассисаҳои тиҷоратӣ як ва ё якчанд меъёрҳои баҳодиҳии самаранокии муайян ва эътирофшуда барои ҳама тадқиқгарон мавҷуд нест. Бинобар ин, барои TFT ин одилона буда, нисбат ба муассисаҳои тиҷоратӣ фарқият амиқ ва қатъӣ аст. Аз ин ҷо бармеояд, ки барои ҳар як шакли TFT (аксаран ҳатто барои ҳар як муассисаи алоҳида) таҳияи маҷмӯи махсуси меъёрҳои баҳодиҳии самараноку зарур аст.

Қайд намудани чор муносибат барои таҳияи меъёрҳо дар ҳалли ин масъала ҳамчун асос муоидат менамояд: мақсаднокӣ, равандӣ, захиравӣ ва муносибат бо мавқеи гурӯҳи тарафдорон (стейкхолдерҳо).

  1. Муносибати мақсаднокӣ барои тасдиқи ҳамаи меъёрҳои самараноки муассиса, ки мустақиман ва ё бавосита бо мақсадҳо вобаста аст, асоснок мегардад. Бо вуҷуди ин, мақсадҳои низой, гуногуннақшагӣ, номуайян ва вайрон, ки ба TFT хос мебошанд, ташкили мақсадҳои иерархиро, ки асосӣ ва муайянкунанда маҳсуб меёбанд, мушкил мегардонанд. Барои ташкилотҳои тиҷоратӣ мақсадҳои асосии вобаста ба истеҳсолот ва самараноку ҳамчун муносибати хароҷот ба фоида ва ё нишондиҳандаи даромаднокӣ муайян карда мешаванд. Муносибати мақсаднок барои ташкилотҳои тиҷоратӣ асосӣ буда, барои муайян намудани самаранокии TFT танҳо функцияи ёридиҳанда амалӣ карда мешавад.

  2. Муносибати равандӣ. Аз мавқеи ин муносибат барои баҳодиҳии самаранокӣ дар ташкилот ба равандҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла далелнокӣ, алоқа, кор дар гурӯҳ, риояи қонун, мақсадҳои ташкилӣ, равандии қабули қарор аҳамият дода мешавад. Бо вуҷуди ин, якҷоягии кӯшишҳои роҳбарияти TFT барои баланд бардоштани самаранокӣ аз ҳисоби такмилдиҳии равандҳои дохилии ташкилот оварда мерасонанд, дар ҳолате, ки ҳамаи кӯшишҳо барои таҳияи вазъияти низоъ, пасткунии низоъҳо равона карда шудаанд.

  3. Муносибати захиравӣ самаранокиро ба захираҳои оқилонаи истеъмолӣ алоқаманд менамояд. Дар муқоиса бо ду муносибати қаблӣ он барои ҳисоби тағйироти афкори ҷомеа дар муҳити беруна, аз он ҷумла омилҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, тарафдории арзишҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ равона мегардад.

пешина
аз 469
навбатӣ