Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 2. ТАҲАВВУЛОТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

Ва баръакс, ҳолати мавҷуда бо тактика нисбати тактикаи поёнӣ, аввала ҳамчун стратегия ҳисобида мешавад. Пас маълум мешавад, ки стратегия ва тактика на танҳо мафҳуми таъсири мутақобиладошта, балки ҳамдигарро ивазкунанда мебошанд.

Дар байни гузаштагони назария ва таҷрибаи идоракунии стратегӣ мутафаккири ҳарбии олмонӣ, генерал Карл фон Клаузевитс (1780-1831) ба шумор меравад. Яке аз дастовардҳои Клаузевитс аз он иборат буд, ки фарқиятҳои идоракунии стратегиро аз тактика ҷудо намуд: «Дар вазъияти тактикӣ тамоми масъалаҳоро бо як дидан фаҳмидан мумкин, дар стратегия бошад, доир ба ҳама чиз фаросат дошта, пешгӯӣ карда тавонад».

Фарқиятҳои зерини тактикаро аз стратегия қайд кардан мумкин аст:

  1. Тактика қисми таркибии стратегия буда, роҳи комёбшавии мақсад мебошад;
  2. Бе стратегияи хуб тактика натиҷа намебахшад ва баръакс;
  3. Тактика хароҷоти камтари вақтро нисбат ба стратегия тақозо мекунад;
  4. Тактика нисбат ба стратегия амиқии бештар дорад.

Шартҳои пешакии пайдошавии менеҷменти стратегӣ

  1. Таркишҳои технологии дар оянда раҳнаҳои нави пешгӯиро талабкунанда

  2. Ҷаҳонишавии бозорҳо ва пайдошавии ширкатҳои байналмилалӣ дар шароити номуайяни бизнес-муҳит

  3. Пуршавии бозор бо мол ва хизматрасониҳо, ки ба шиддатнокии рақобатнокӣ овардааст

Пайдошавии зарурати банақшагирӣ ва идоракунии дарозмуддат ва ба оянда равонашуда

ПАЙДОИШИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

Расми 2.2. Омилҳои пешакии пайдошавии менеҷменти стратегӣ.

Чор омил шарти муайянкунандаи муҳими идоракунии стратегӣ мебошад:

  1. Дар нимаи дуюми асри XX шумораи вазифаҳои вобаста ба тағйироти дохилииширкатӣ ва беруна устуворона зиёд гардид. Аксарияти онҳо пурра нав буда, вобаста аз таҷрибаи дар нимаи аввали асри XX гирифта ҳалнашаванда буданд;
пешина
аз 469
навбатӣ