Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 16. ХУСУСИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР ТҒТ
• бо роҳи ташкили шароити мусоид барои рушди хелҳои имконпазири фаъолияти хоҷагидории деҳот, ки даромади аҳолии деҳотро зиёд мекунанд, васеъкунии шуғли аҳолии фаъоли иқтисодӣ дар деҳот;
• баландбардории сатҳи ахборотии ХДФ;
• ташкили муҳити мусоид барои ҷалби маблағҳо барои рушди ХДФ.
Консепсияи Стратегия дар асоси принсип ва муносибатҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон таҳия шуда, ба талаботи низоми рушди миллӣ ва афзалиятҳои СМР мувофиқат мекунад. Асоси концептуалии ташаккули Стратегияи рушди АМХДФ аз принсипҳои пайдарпайӣ ва ҷолибият асос мегирад. Мавқеи асосии концептуалии Стратегияи рушди АМХДФ дар ВАО нашр шуда, дар сатҳҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ васеъ муҳокима карда шуд, ки бояд самтнокӣ ва таъминоти умумии иҷрои чорабиниҳои ба нақшагирифташударо доир ба татбиқи он пурзӯр менамоянд.
Маркази умумии нақшаи стратегии рушди Ассосиатсия дар панҷсолаи наздик дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ пурзӯр намудани иқтидорҳои ташкилӣ ва институтсионалии Ассосиатсияҳоро ба назар мегирад, ки дар маҷмӯъ ба АМХДФ барои бизнес-ассосиатсияи самараноку устувори Тоҷикистон шудан имконият медиҳад.
Баландбардории даромаднокии фермерон – асоси рушди АМХДФ. Самти асосии афзалиятноки рушди АМХДФ баланд бардоштани даромаднокии ХДФ ва дар ин замина беҳтаркунии сатҳи зиндагии аҳолии деҳот ба шумор меравад. Бинобар ин, ба кӯшишҳои Ҳукумати ҶТ ва ташкилотҳои донорӣ нигоҳ накарда, сатҳи даромаднокии фермерони ватанӣ аз натиҷаҳои дилхоҳ нисбатан паст мебошад. Беихтиёр саволи одӣ пеш меояд: барои чӣ натиҷаҳои мақсадноки маъмул ва қатъӣ татбиқ намешаванд ва сабаби ҳақиқии даромаднокии пасти фермерон дар чист? Аксаран ин бо сарчашмаи омилҳои низоми зерин вобастагӣ дорад:
• боварии нокифоя нисбати сиёсати аграрии гузаронидашуда, ки аз як ҷониб, фермерро озод меҳисобад ва аз ҷониби дигар, ба фаъолияти хоҷагидории ӯ дахолат намуда, ҷойгиркунии майдонҳои кишт ва интихоби кишти зироатҳои ғайридаромаднокро маҷбур мекунад;
• мавҷуд набудани дастрасии озод ба захираҳои замин, молиявию қарзӣ, моддию техникӣ ва қарзҳои калони хоҷагиҳои пахтакорӣ;
• мавҷуд набудани манбаи ҷузъҳои пешбурди муҳосибот ва ҳисоби андозҳо, ки мутахассисони беихтисос онҳоро пеш мебаранд;
• ҳавасмандии паст ва мавҷуд набудани усулҳои самараноки баландбардории даромаднокии ХДФ;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор