Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИКӢ

Банақшагирии дарозмуддат

Давраи дуюм (солҳои 1951-1960) — ин идоракунӣ дар асоси имтидод (экстраполяция) аст.

Заминаи банақшагирии стратегӣ системаи банақшагирии дарозмуддат ба ҳисоб меравад, ки дар солҳои 50-ум дар Ғарб рушди назаррас пайдо намуд. Ин низом асосан ба навъи афзоишёбандаи рафтори ташкилии ширкат мувофиқат мекард.

Дар ин давра буҷакунонӣ ва назорат пешакӣ бо усулҳои баҳои пешгӯӣ, ҳаҷми фурӯш дар якчанд сол мукаммал гардонида мешаванд. Тамоюл ва омилҳои асосии экстраполяция хусусияти рушди ташкилотро дар гузашта муайян намуда, барои оянда нисбати як қатор ислоҳот усули дарозмуддати банақшагирӣ мешаванд. Ҳама нақшаҳои функционалӣ: истеҳсолот, маркетинг, таъминот, дар асоси рақамҳои назоратии дар пешгӯии фурӯш нишондодашуда таҳия мегарданд, ки баъд ба нақшаи ягонаи молиявӣ табдил меёбанд. Вазифаи асосии менеҷер аз муайян намудани тағйироти ҷории нишондиҳандаҳои муқаррарии иқтисодии фаъолияти ташкилот ва экстраполятсияи тамоюлҳои (ва ё трендҳо) зоҳиршуда барои оянда иборат аст.

Банақшагирии дарозмуддат асосан дар ширкатҳои калон истифода шуда, ба таври махсус вазъияти афзоиши корпоративӣ босуръат, бо тағйироти шиддатноки андозаи ташкилот ва мураккабшавии низоми менеҷменти онро ҳамроҳӣ мекунад. Он барои банақшагирии истифодаи захираҳо дар пешрафти дарозмуддат бо назардошти иқтидори афзоиши ширкат ва ихтисори банақшагирифташудаи истеҳсолоти ин ё он намуди маҳсулот ва хизматрасонӣ нисбатан фоидаовар мешавад.

Банақшагирии стратегӣ

Давраи сеюм (солҳои 1961-1980) — идоракунӣ дар асоси пешгӯии тағйирот ва муайянкунии таъсир ба онҳо бо роҳи коркарди стратегияи мувофиқ мебошад.

Дар солҳои 60-70-уми асри XX банақшагирии дарозмуддат дар ИМА ва Аврупои Ғарбӣ ба низоми банақшагирии стратегӣ мубаддал гашт. Ба қадри муайян ин низом таъсири ҷавобии як қатор ширкатҳо ба тағйироти қатъии муҳити беруна мебошад, ки дар таъмини бозорҳои муносиб амалӣ гаштаанд.

Маълум аст, ки фарқияти асосии банақшагирии стратегӣ аз дигар навъҳои банақшагирӣ — ин самти умумии он дар дохили ташкилот мебошад. Дар таҳаввулоти идоракунии стратегӣ давраи гузариш аз модели «муассисаи пӯшида» ба модели «муассисаи кушода»-ро бо банақшагирии стратегӣ алоқаманд мекунанд. Хусусияти хоси муассисаи кушода – ин

пешина
аз 469
навбатӣ