Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

тағйироти пардохтҳои гумрукӣ ё самаранокии муқоисавии кор бо молҳои гуногун ба тағйироти самти фаъолияти ташкилотҳои хусусӣ оварда мерасонад.

Аз рӯи нуқтаи назари кулли иқтисодиёт мавқеи ширкатҳо - коммутантҳо комилан бартаринок аст (гарчанде ки дар хоҷагии солим назар ба хоҷагии ҳозираи Россия онҳо на ба фурӯши маводи хориҷӣ, балки ба истеҳсолот ва самти хизматрасониҳо бештар таваҷҷуҳ доранд). Доираи ҳамбастагии коммутантҳо дар ҷое пайдо мешаванд, ки:

  • Дигар ташкилотҳо манфиатнок нестанд (масалан, дар бисёр ҳолатҳо хоҷагиҳои калон дар деҳот дар муқоиса бо хоҷагиҳои фермерӣ);
  • Онҳо воқеан дигар вуҷуд надоранд (нуқтаи наздики фурӯши сӯзишворӣ, қаҳвахона, мағоза);
  • Ширкатҳои дигар муносибати кофии инфиродиро бо мизоҷ таъмин карда наметавонанд (сартарошхона, толори ороишӣ, табиби оилавӣ).

Стратегияи экспериментӣ (пионерӣ) стратегияи рақобатнок вобаста ба ташкили таҷдидҳои нав ва куллии нишонаҳои кӯҳнаи бозор мебошад. Ин ҷо сухан на дар бораи мукаммалгардонии мол ва хизматрасониҳо меравад, балки ҷустуҷӯи қарорҳои назарраси ҳадди таваккал ба инобат гирифта шуда, баъзан дар сурати комёбӣ самаранок мегарданд. Масалан, барориши компютерҳои аввалин («Apple», «Зенит», «Осборн» ва ғайра), биотехнологияи «Чинентек» ва дар самтҳои муқаррарӣ маҳз ба ин стратегия такия намуданд. Ҳамин тавр, франчизерҳо барои тарабхонаҳои худ дар Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, дар Тайван «Макдоналдс» интихоб намуда, онҳоро дар байни соҳибкорон тасодуфан ҷустуҷӯ накардаанд, ҳол он ки онҳо истеъдоди худро, масалан дар самти электроникаи хурд санҷидаанд. Онҳо ба таваккали дуҷониба рафта, навовариҳои духӯраро барои истеъмолкунандагони осиёӣ ба роҳ монданд; таоми ғайримуқаррарии амрикоӣ ва сохтори хизматрасонии муассири марбут ба анъанаҳои Шарқ (бастабандии конвейерӣ, омода ва тақсими хӯрок).

Омили асосии қувваи эксплерантҳо бо пешдастии татбиқи навовариҳо алоқаманд аст. Ин омил барои муқоисаи ширкатҳои мазкур бо ширкатҳои аввалин асос аст, ки чун баъди сармо бедор намудани заминро мефаҳмонанд. Чунин ширкат барои ташкили бозори нав ва ба даст овардани фоида кӯшиш менамояд.

Кашфиёти даврагиро аз рӯи фармоиш роҳандозӣ наменамояд. То оғози коркард метавон гуфт, ки имконияти муваффақият кам аст ва аз ин ҷо фарқияти стратегия бармеояд. Дар истеҳсолоти оммавӣ, ки омодагии барориши амволи нав хеле гарон меафтад, аз ин рӯ, виолент аз лоиҳаҳои ноозмуда даст мекашад, то ин ки ба хатоӣ роҳ надиҳад.

пешина
аз 469
навбатӣ