Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
@26. Кадом таъйинот нисбати фарқияти менеҷменти стратегӣ ва банақшагирӣ нодуруст аст?
$А. Стратегияи банақшагирӣ афкори стратегӣ маҳсуб намегардад;
$В. Банақшагирии стратегӣ ба саволҳои «чӣ гуна?» ва «кӣ инро амалӣ месозад;», менеҷменти стратегӣ бошад, ба саволҳои «чӣ бояд кард?» ҷавоб медиҳанд;
$С. Банақшагирии стратегӣ - ҷараёни таҳлилӣ, менеҷменти стратегӣ бошад, унсури ташкилист;
$D. Идоракунии стратегӣ - идоракунии нақшаҳо, менеҷменти стратегӣ бошад, идоракунии натиҷаҳо аст.
@27. Менеҷерҳои сатҳи миёнаи идоракунӣ — қисми таркибии ҳайати кормандон дар мавриди таҳияи...
$А. Нақшаҳои тиҷоратӣ;
$В. Миссияи ташкилот;
$С. Стратегияи корпорация;
$D. Стратегияи бизнес.
@28. Кадом таъйинот нисбати фарқияти стратегия ва усулҳо (тактика) нодуруст мебошад?
$А. Вақте ки усулҳо мушаххасанд, стратегия ҳамеша фарзият аст;
$В. Усулро ҳама вақт роҳи татбиқи стратегия номидан мумкин аст;
$С. Ҳар як стратегия дар худ якчанд қарорҳои усулиро таҷассум мекунад;
$D. Усул нисбати стратегия хароҷоти зиёди вақтро талаб менамояд.
@29. Кадом мактабҳо ба мактабҳои таъйиноти менеҷменти стратегӣ марбутанд?
$А. Мактаби нигориш (дизайн), мактаби банақшагирӣ ва мактаби мавқеъгирӣ;
$В. Мактаби нигориш, мактаби банақшагирӣ ва соҳибкорӣ;
$С. Мактаби ҳокимият, мактаби банақшагирӣ ва мактаби соҳибкорӣ;
$D. Мактаби ҳокимият, мактаби маданият ва мактаби мавқеъгирӣ.
@30. Кадом мактабҳо ба мактабҳои тавсифии менеҷменти стратегӣ дохил мешаванд?
$А. Мактаби ҳокимият, мактаби банақшагирӣ ва мактаби соҳибкорӣ;
$В. Мактаби ҳокимият, мактаби маданият ва мактаби мавқеъгирӣ;
$С. Мактаби ҳокимият, мактаби маданият ва мактаби соҳибкорӣ;
$D. Мактаби когнитивӣ, мактаби омӯзиш ва мактаби мавқеъгирӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё