Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ё амалҳои дар боло гуфташуда асосан ба инсон хосанд. Инсонҳо меомӯзанд ва чизҳои омӯхтаашонро ба дигарон, ҳатто ба ҷонзодҳои беақл меомӯзонанд. Яъне, “инсон” калимаест, ки нисбати одамон истифода мешаваду манбаъҳои аввалини онҳоро – ҷамъоварандаро, инсониро дар бар мегирад. Пас, инсон мавҷудоти моддиест, ки қобилияти доштани камолоти маънавиро дорост.
“Дар тасаввуф инсон фақат дараҷаи олиии тараққиёти табиат набуда, “нусхаи Ҳақ” низ ба шумор меравад.Чуноне дар осори орифони машҳури асрҳои миёна меояд, инсон ҳам аз ҷиҳати аъзои бадан ва ҳам аз ҷиҳати рӯҳонӣ ба олам шабоҳати зиёде дорад ва аз ин рӯ, одам худро ҳамаҷиҳата тадқиқ намуда, дар бораи сохту таркиби коинот хулосаҳои мантиқӣ мебарорад... Пас: Инсон намунаи комили ҷаҳони офариниш ва пазирандаи ола-
1 ми ҳастист...”.
Олими эронӣ Муртазо Мутаҳаррӣ дар силсиласуханрониҳояш бо номи “Ирфони Ҳофиз” чунин мефармояд: “Чун инсонро мазҳар (маҳалли зуҳур) и тому тамоми асмо ва сифот ва мазҳари комили асмои Ҳақ медонанд ва ба таъбири динӣ ва қуръонӣ ӯро “Халифатуллоҳ алаъзам” ва мазҳари руҳи Худо медонанд, ин аст, ки барои Инсон мақоме қоим ҳастанд, ки ҳеҷ мактабе ончунон мақомро барои инсон дар ҷаҳон қоим нест. Дар заминаи Инсон суханони зиёде доранд ва ҷумла ҳамон, ки инсон олами кабир аст ва ҷаҳон олами сағир ва
2 дигар назарияи инсони комил”.
Мақсад аз офариниши олам шояд офариниши инсон бошад, ки махлуқи шарифтарини ҳар ду
1 М.Ҳазратқулов. Тасаввуф. – С.77-78.
Муртазо Мутаҳаррӣ. Ирфони Ҳофиз. Қисми 1.

пешина
аз 53
навбатӣ