Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Оё камоли воқеии инсон дар чист? Ҳукамо дар посух мегӯянд: Ҳадди аксари камоли инсон ва Инсони комил он аст, ки инсон нусхае бошад илмӣ аз маҷмӯи ҷаҳон. Пас инсон бо илм комил мешавад. Вақте инсон файласуф шуд ва яке тасаввури саҳеҳ ва ҷомеъ аз кулли олам ва аз низоми олам дошт, ақлаш ба камол расида ва ҷавҳари инсони ҳам ҳамон ақл аст...Вале урафо ҳаргиз ба чунин ҳарфе мӯътақид нестанд, ки вақте ақли инсон камол ёфт, инсон камол пайдо карда, ҳаргиз камоли инсонро дар камоли ақлаш намедонанд,(балки) камоли инсонро дар ин медонанд, ки инсон ба тамоми ҳақиқати вуҷудаш сайр кунад
1 ба сӯйи Ҳақ, то ба қавли инҳо – бирасад ба Ҳақ”.
Муҳйиддин, ки дар боло ёд кардем, дар баъзе манбаъҳо бо номи Ибн ал-Арабӣ ёд мешавад, Масалан, М.Ҳазратқулов дар китобаш “Тасаввуф” тасдиқ менамояд, ки “...ӯ (Мансури Ҳаллоҷ) маншаи инсони комилро тарҳ рехт. Баъдҳо пояи ин андеша бо кӯшиши Ибни Арабӣ дар “Фусус ул-ҳикам” ва Абдулкарими Гелонӣ дар “Инсони комил”
2 устувортар қад барафрохт”.
Дар роҳи ба комилӣ расидани инсон донишу илм, боигарӣ ё вазифа роли ҳалкунанда надорад.
Ин ҷо покизагии қалб, тақво ва, дар навбати аввал, камолоти рӯҳӣ бо лутфу марҳамати Холиқи якто муҳим аст. Ба ин дараҷа ё мақом касе хоҳад расид, ки ӯ муқарраби Илоҳӣ гардад ва Парвардигори бузургвор ӯро дӯст дорад ва аз лутфу раҳматаш баҳраманд гардонад.
1 Муртазо Мутаҳҳарӣ. Ирфони Ҳофиз. Қисми 9 (аз интернет).
М.Ҳазратқулов. Тасаввуф. – С.79.

пешина
аз 53
навбатӣ