Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИқтисодиётМолияИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Фонди муҳосибӣ ва иқтисодӣ аз ҳамдигар фарқ карда мешаванд. Фонди муҳосибӣ (тавозунӣ) чун фарқи байни маҷмӯи даромад ва хароҷоти муҳосибӣ муайян мешавад.

Хароҷоти муҳосибӣ - хароҷоте мебошанд, ки шакли пардохтҳои мустақимро мегиранд. Ба ибораи дигар онҳоро хароҷоти аён мемонанд.

Баҳри арзёбии дурустии иҷрои ин ё он фаъолияти соҳибкорӣ хароҷоти ноаёнро ҳам ба назар бояд гирифт. Баъзан онҳоро хароҷоти ниҳон ё мавҳум ном мебаранд.

Хароҷоти ноаён хусусияти пулӣ надоранд, яъне хароҷоти алтернативии истифодабарии ҳама захираҳо (моддӣ, меҳнатӣ, пулӣ) мебошанд, ки ба соҳибони корхона ё ба корхона чун шахси ҳуқуқӣ тааллуқ доранд.

Хароҷоти ноаён дар натиҷаи аз даст додани имконияти татбиқи қарори алтернативии дигар пайдо мешаванд.

Ҷамъи хароҷоти аёну ноаён хароҷоти маҷмӯӣ (ё иқтисодӣ)-ро ташкил медиҳад, яъне фонди иқтисодиро чун даромади умумӣ (маҷмӯи даромад) бо тарҳи маҷмӯи хароҷот шарҳ додан мумкин аст.

ПАС, фонди иқтисодӣ - ин даромади соҳибкориеро нишон медиҳад, ки аз пӯшиши хароҷоти корхонаи савдо (соҳибкор) ва қобилияти худтамвилкунии он гувоҳӣ медиҳад. Ҳамин тавр фонди муҳосибӣ аз фонди иқтисодӣ ба андозаи хароҷоти ноаён фарқ дорад.

Нишондиҳандаҳо фондаро чун категорияи иқтисодӣ инъикос мекунанд ва ҷиҳатҳои ба ҳам алоқаманди миқдорию сифатӣ доранд. Мувофиқи гуногунии намудҳои фонда дар таҳлил нишондиҳандаҳои зиёд истифода бурда мешаванд.

Ҳамин тавр, фонда натиҷаи молиявии фаъолияти корхонаи савдо аст, ки дар натиҷаи амали якҷояи нишондиҳандаҳо: даромади умумӣ, хароҷоти муомилот, даромаду хароҷоти берун аз фурӯш ба даст омадааст.

6.2. Тартиби ташаккули фонда

Манбаи асосии ба даст овардани фонда аз тарафи корхонаҳои тиҷоратӣ даромади умумӣ мебошад.

Даромади умумӣ дар нуқтаҳои ҷамъ чун фарқи байни арзиши харид ва арзиши фурӯши молҳо муайян карда мешавад.

Даромади умумӣ аз фурӯши молҳо нархи хизматрасониҳои савдо, яъне ҳиссаи савдоро дар нархи чаканаи мол инъикос менамояд.

пешина
аз 151
навбатӣ