Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
осон нест. Маҳз ҳамин вобастагӣ категорияи левериҷи истеҳсолӣ ё амалиётӣ, ва илова бар ин, андозаи хатари истеҳсолии корхонаро мефаҳмонад.
Левериҷ дар соҳаи молия ҳамчун омили муайяне тафсир карда мешавад, ки тағйири андаки он метавонад боиси ҷиддӣ тағйир ёфтани нишондиҳандаҳои натиҷавӣ гардад.
Дар менеҷменти молиявӣ намудҳои зерини левериҷро фарқ мекунанд:
-
молиявӣ;
-
истеҳсолӣ (амалиётӣ);
-
истеҳсолӣ-молиявӣ.
Ҳар корхона манбаи таваккал аст. Зимнан таваккал (хатар) дар заминаи омилҳои дорои хусусияти истеҳсолӣ ё молиявӣ падид меояд. Ин омилҳо хароҷоти корхонаро ташаккул медиҳанд. Хароҷоти дорои хусусияти истеҳсолӣ ва молиявӣ ивазкунандаи ҳамдигар нестанд, вале андоза ва сохтори ин гуна хароҷотро идора кардан мумкин аст. Чунин идоракунӣ дар шароити озодии интихоби манбаъҳои маблағгузорӣ ва манбаъҳои ташаккулёбии хароҷоти дорои хусусияти молиявӣ сурат мегирад. Дар натиҷаи истифодабарии манбаъҳои гуногуни маблағгузорӣ таносуби муайяне дар байни сармояи худӣ ва қарзӣ ҳосил мешавад. Ва азбаски сармояи қарзӣ музднок аст, пас зарурати андозагирии таъсири ин хароҷот ба натиҷаи ниҳоии фаъолияти корхона ба миён меояд. Бинобар ин левериҷи молиявӣ таъсири сохтори сармояро ба ҳаҷми фоида нишон медиҳад, усулҳои гуногуни ҳамроҳкунии хароҷоти қарзӣ ба арзиши аслӣ ба сатҳи фоидаи соф ва даромади софи сармояи худи таъсир мегузоранд.
7.2. Левериҷи истеҳсолӣ ҳамчун воситаи идораи фоида аз фурӯш
Левериҷи амалиётӣ (истеҳсолӣ) аз сохтори хароҷоти истеҳсолӣ ва хусусан, аз таносуби хароҷоти шартан доимӣ ва шартан тағйирёбанда дар сохтори арзиши аслӣ вобаста аст. Бинобар ин левериҷи истеҳсолӣ робитаи байни сохтори арзиши аслӣ, ҳаҷми истеҳсолу фурӯш ва фоидаро тавсиф медиҳад. Левериҷи истеҳсолӣ тағйирёбии фоидаро вобаста ба тағйири ҳаҷми фурӯш нишон медиҳад.
Левериҷи амалиётӣ имконияти иқтидории таъсиррасондан ба фонди тавозунӣ тариқи тағйирдиҳии сохтори арзиши аслӣ ва ҳаҷми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё