Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
соҳтори уҳдадориҳои дарозмуҳлат, яъне болову пастравии таносуби воситаҳои худӣ ва қарзӣ барои беҳтарсозии пардохтҳои фоизӣ мебошад. Масъалаи мувофиқати истифодабарии сармояи қарзӣ бо амали фишанги молиявӣ алоқаманд аст: бо афзоиши ҳиссаи воситаҳои қарзӣ даромаднокии сармояи худро баланд кардан мумкин аст.
Ба ибораи дигар, левериҷи молиявӣ инъикосгари робитаи байни тағйири фоидаи соф ва тағйири фоида то пардохтани фоизҳо ва андозҳо мебошад.
Дар менеҷменти молиявӣ ду концепсияи ҳисобу муайянкунии самараи левериҷи молиявӣ вуҷуд дорад. Ин концепсияҳо дар мактабҳои гуногуни менеҷменти молиявӣ пайдо шудаанд.
Консепсияи якум: Консепсияи Аврупои ғарбӣ.
Самараи левериҷи молиявиро ҳамчун ба даромаднокии афзудани сармояи худӣ, ки дар натиҷаи истифодаи сармояи қарзӣ ҳосил шудааст, ҳисоб мекунанд. Мисоли зеринро дида мебароем:
Ҷадвали 7.1.
Нишондиҳандаҳо
Корхонаи 1
Корхонаи 2
Корхонаи 3
Дороиҳо, ҳаз. сом.
1'000
1'000
1'000
Уҳдадориҳо, ҳаз. сом., аз ҷумла
1'000
1'000
1'000
1'000
700
300
Сармояи худӣ (СХ)
300
700
Сармояи қарзӣ (СК)
Фоида то пардохти фоизҳо ва қарзҳо
400
400
400
Даромаднокии иқтисодии дороиҳо
40%
40%
40%
ДАИ= (ФТ+%) / Аср. * 100
75
175
Хароҷоти пардохти фоизҳо (25%)
400*(1-0,3) =280
(400-75)*(1- 0,3)=227,5
(400-175)*(1- 0,3)=157,5
Фоидаи соф, ҳаз. сом.
280/1'000*100 =28%
227,5/700*100 =32,5%
157,5/300*100 =52,5%
ФС=(ФТ-2%)*(1-н)
Даромаднокии софи СХ
ДССХ=ФС/СХ*100

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё