Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
ИқтисодиётМолияИдоракунӣ
Аз аввал хондан-дигар объектҳое, ки фаъолияти сармоягузорӣ дар онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудааст.
- Намудҳои фаъолияти сармоягузорӣ:
- фаъолияти сармоягузории хусусӣ, ки шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилоти ғайридавлатӣ ва дигар сохторҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд;
- фаъолияти сармоягузории давлатӣ, ки мақомоти давлатӣ ва иҷроия, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилоти давлатӣ аз ҳисоби фондҳои буҷетию ғайрибуҷетӣ, воситаҳои худӣ ва қарзӣ амалӣ менамоянд;
- фаъолияти сармоягузории хориҷӣ, ки шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, инчунин шахсони бешаҳрвандӣ амалӣ мекунанд;
- фаъолияти сармоягузории муштарак, ки аз ҷониби шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ амалӣ карда мешавад.
Таснифоти сармоягузориҳо:
- Аз рӯи объектҳои сармоягузорӣ чунин намудҳои онро ҷудо мекунанд:
А. Сармоягузории воқеӣ - гузориши сармоя ба ягон соҳаи иқтисод, ки натиҷааш ташаккули сармояи нав ё афзоиши сармояи мавҷуда (биноҳо, иншоот, захираи молӣ масолеҳ) мебошад.
Б. Сармоягузории молиявӣ - гузориши сармоя ба саҳмияву вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматнок. - Аз рӯи хусусияти иштирок дар сармоягузорӣ:
А. Сармоягузории мустақим - шакли гузориши сармоя, ки ба сармоягузор ҳуқуқи бевоситаи моликият ба коғази қиматнок ё амволро медиҳад.
Б. Сармоягузории ғайримустақим - шакли гузориши сармоя ба ҷуздон, ё, ба ибораи дигар - ба маҷмӯи коғазҳои қиматнок ё арзишҳои молумулкӣ. - Аз рӯи давраи сармоягузорӣ:
А. Сармоягузории кӯтоҳмуддат - гузориши сармоя ба муҳлати на бештар аз 1 сол, масалан, пасандозҳои депозитии кӯтоҳмуддат, харидории сертификатҳои амонатии кӯтоҳмуддат.
Б. Сармоягузории дарозмуддат - гузориши сармоя ба муҳлати беш аз 1 сол, масалан, саҳмия, вомбаргҳо ва ғайра. - Аз рӯи шаклҳои моликият:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё