Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Принсипи корчаллонӣ ва муоширати сармоягузорӣ. Принсипи мазкур дар ҷустуҷӯи фаъоли робитаҳои сармоягузорӣ дар ҳама самту шаклҳои фаъолияти сармоягузорӣ, инчунин дар давру марҳилаҳои гуногуни раванди сармоягузорӣ ифода меёбад. Чунин рафтори сармоягузорӣ бо ҳамеша дигаргун шудани самт, шакл ва усулҳои иҷрои фаъолияти сармоягузорӣ дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои гузошта, бо назардошти омилҳои тағйирёбандаи муҳити берунаи сармоягузорӣ алоқаманд аст.

Принсипи устуворӣ ва алтернативнокии сармоягузорӣ. Стратегияи сармоягузорӣ бояд бо назардошти мутобиқат ба омилҳои муҳити берунаи сармоягузорӣ таҳия карда шавад. Илова ба ин, таҳкурсии тасмимгириҳои стратегӣ бояд аз ҷустуҷӯи фаъолонаи самту шаклу усулҳои алтернативии иҷрои фаъолияти сармоягузорӣ, интихоби беҳтарини онҳо, дар ин замина сохтани стратегияи умумии сармоягузорӣ ва ташаккули механизмҳои татбиқи босамари он иборат бошад.

Принсипи инноватсионӣ. Ҳангоми ташкили стратегияи сармоягузорӣ дар назар бояд дошт, ки фаъолияти сармоягузорӣ механизми асосии татбиқи навовариҳои технологии таъминкунандаи рушди мавқеи бозории корхона мебошад. Бинобар ин татбиқи ҳадафҳои муштараки рушди стратегияи ташкилот бештар ба он вобаста аст, ки то кадом андоза стратегияи сармоягузорӣ натиҷаҳои пешрафти технологиро ифода мекунад ва ба истифодаи натиҷаҳои нави он омода аст.

Принсипи пасткунии хатари сармоягузорӣ. Қариб ҳама қарорҳои сармоягузорӣ, ки дар ҷараёни ташаккули стратегияи сармоягузорӣ қабул карда мешаванд, ба ин ё он дараҷа сатҳи хатар ё худ таваккали сармоягузориро дигаргун мекунанд. Ин дар навбати аввал бо интихоби самту шаклҳои фаъолияти сармоягузорӣ, ташаккули захираҳои сармоягузорӣ, ҷорисозии сохторҳои ташкилии нави идоракунии фаъолияти сармоягузорӣ алоқаманд аст. Хусусан дар давраи тағйирёбии меъёри фоиз ва афзоиши таваррум сатҳи хатари сармоягузорӣ баландтар мешавад. Дар робита бо рафтори гуногун ҳангоми сармоягузорӣ дар нисбати сатҳи хатар дар ҳар корхона зимни таҳияи стратегияи сармоягузорӣ ин нишондиҳанда бояд ҳар хел муқаррар карда шавад.

Принсипи салоҳиятнокӣ. Дар таҳияи нишондиҳандаҳои алоҳидаи стратегияи сармоягузорӣ ҳар гуна кормандро ҷалб кардан

пешина
аз 151
навбатӣ