Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
- Идоракунии селаҳои пулӣ; 5) Идоракунии хатарҳои молиявӣ.
-
Функсияи идоракунии дорониҳо - дарёфт намудани талабот ба навъҳои алоҳидаи активҳо, дар асоси объектҳои пешбинишавандаи фаъолияти амалиётии корхона, ва муайян кардани маблағи умумии онҳо, беҳтаргардонии таркиби активҳо аз мавқеи самаранокии истифодаи онҳо, таъмини ликвиднокии активҳои гардон ва афзудани суръати гардиши онҳо, интихоби шаклу манбаъҳои самараноки маблағгузории онҳо.
-
Функсияи идоракунии сармоя - дар ҷараёни амалисозии ин функсия талаботи умумӣ ба сармоя барои маблағгузории корхона муайян карда мешавад; сохтори сармоя бо мақсади истифодаи самараноки он беҳтар карда мешавад; низоми чорабиниҳо барои бозтамвили сармоя ба намудҳои самараноки актив таҳия мегардад.
-
Функсияи идоракунии сармоягузориҳо - муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти сармоягузории корхона; арзёбии ҷолибияти сармоягузории лоиҳаҳои алоҳидаи воқеӣ ва воситаҳои молиявӣ ва интихоби беҳтарини онҳо; таҳияи барномаҳои сармоягузорӣ ва ҷузъдони сармоягузориҳои молиявӣ; интихоби шаклҳои аз ҳама самараноки сармоягузорӣ.
-
Функсияи идоракунии селаҳои пулӣ - ташаккули селаҳои пулии воридотию содиротии корхона, ҳамоҳангсозии онҳо аз лиҳози вақт, истифодаи самараноки бақияи активҳои пулии муваққатан озодро дар бар мегирад.
5.Функсияи идоракунии хатарҳои молиявӣ ва пешгирии муфлисӣ - дар ҷараёни татбиқи ин функция таркиби хатарҳои асосии молиявӣ ки хоси фаъолияти молиявии хоҷагидории корхона мебошанд, ошкор карда мешавад; арзёбии сатҳи ин хатарҳо ва ҳисороти молиявии имконпазири марбути онҳо доир мегардад; маҷмӯи тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва коҳиши хатарҳои молиявӣ, суғуртакунии онҳо андешида мешавад; дар асоси мониторинги доимӣ сатҳи хатари муфлисӣ ташхис карда, дар сурати баланд будани ин сатҳ механизмҳои идоракунии молиявии зиддибуҳронии корхона истифода бурда мешавад.
Механизми менеҷменти молиявӣ - низоми унсурҳои асосие мебошад, ки раванди таҳия ва татбиқи қарорҳои идориро дар соҳаи фаъолияти молиявии корхона ба танзим медароранд. Таркиби механизми менеҷменти молиявӣ унсурҳои зеринро дар бар мегирад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё