Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хонданба сифати он зимни ташкили низоми иттилоотии менеҷменти молиявӣ пеш мегузорад. Ба иттилооти мансуб ба ин низом чунин талабот пешниҳод карда мешавад:
- аҳамиятнокӣ;
- пуррагӣ;
- эътимоднокӣ;
- саривақтӣ;
- фаҳмоӣ;
- қобили муқоиса будан;
- самаранокӣ.
Мундариҷаи низоми таъмини иттилоотии менеҷменти молиявиро хусусиятҳои соҳавии фаъолияти корхонаҳо, шакли ташкилӣ-ҳуқуқии кори онҳо ва як қатор шартҳои дигар муайян мекунанд.
Нишондиҳандаҳои мушаххаси ин низом аз ҳисоби манбаъҳои берунӣ (берун аз корхона ҷойгирбуда) ва ҳам дохилии иттилоот ташаккул дода мешаванд.
Низоми нишондиҳандаҳои таъмини иттилоотии менеҷменти молиявӣ, ки аз манбаъҳои берунӣ фароҳам меоянд, ба чор гурӯҳи асосӣ ҷудо карда мешавад: - нишондиҳандаҳои рушди умумии иқтисодии кишвар;
- нишондиҳандаҳои вазъи бозори молиявӣ;
- нишондиҳандаҳои фаъолияти шарикону рақибон;
- нишондиҳандаҳои меъёрӣ ва танзимӣ.
Низоми нишондиҳандаҳои таъмини иттилоотии идоракунии молиявии зиддибуҳронии корхона аз манбаъҳои дохилӣ гирд оварда мешавад: - манбаъҳои нақшавӣ;
- нишондиҳандаҳои ҳисоботи молиявии корхона;
- нишондиҳандаҳои муҳосиботи идории корхона;
- манбаъҳои иттилооти ғайримуҳосибот.
Вазифаҳо барои корҳои мустақилона:
- Тайёрӣ ба муҳокимаи шифоҳии саволҳо дар доираи мавзӯъ.
- Ҷавоб ба саволҳои санҷишӣ.
- Навиштани реферат дар мавзӯъҳои:
- «Мафҳум, моҳият ва мақсади менеҷменти молиявӣ»;
- «Вазифаҳои менеҷменти молиявӣ».
- Ҷавоб додан ба саволҳои тестӣ.
- Тартиб додани луғат доир ба мавзӯъ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё