Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётМолия
Аз аввал хондан

Принсипҳои банақшагирии молиявӣ:

  1. таносуби молиявии муҳлатҳо — ба даст овардан ва истифода бурдани маблағҳои пулӣ бояд дар муҳлати муқарраршуда гузаронида шавад.
  2. қобилияти пардохт — банақшагирии молиявӣ бояд қобилияти пардохткунии корхонаро дар ҳар як марҳила таъмин намояд; 3) муносиб будани сармоягузории капиталӣ — барои маблағгузорӣ усулу равишҳои арзонтарини тамвилро интихоб бояд кард; 4) мувозинати хатарҳо — сармоягузориҳои хатарнокро аз ҳисоби манбаъҳои худии маблағгузорӣ кардан хубтар аст; 5) мувофиқати шароит ва талаботи бозор — корхонаро мебояд, то ҳолати бозор, тақозои воқеиро ба маҳсулоти тавлидшаванда ба назар гирад; 6) ҳадди аксари даромаднокӣ — ҳамон объекту самтҳои сармоягузоринеро интихоб бояд кард, ки даромади бештарро таъмин мекунанд.

Дар рафти таҳияи нақшаи молиявии корхона масъалаҳои зерин бояд ҳаллу фасл карда шаванд:
• муайян кардани нишондиҳандаҳои асосии молиявии корхона дар давраи банақшагирӣ;
• вобастагии нишондиҳандаҳои молиявӣ бо нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ;
• ошкор намудани захираҳои афзоиши даромаду фоидаи корхона;
• муайян кардани роҳҳои афзоиши самаранокии истифодабарии захираҳои молиявӣ.

Раванди таҳияи нақшаи молиявии корхона аз ҳисоббаробаркунии нишондиҳандаҳо иборат аст. Барои ин аз тарзу усулҳои гуногуни ҳисоббаробаркуниҳо истифода мебаранд.
Усулҳои зерини банақшагирӣ ва пешгӯии молиявӣ вуҷуд доранд:

  1. Усули ҳисоббаробаркунӣ-таҳлилӣ; 2. Усули тавозунӣ; 3. Усули меъёрӣ; 4. Моделсозии иқтисодӣ-математикӣ.

  2. Усули ҳисоббаробаркунӣ-таҳлилӣ. Моҳият ва мазмуни усули
    ҳисоббаробаркунӣ-таҳлилии банақшагирии нишондиҳандаҳои
    молиявӣ аз ин иборат аст, ки дар асоси таҳлили ҳаҷми бадастомадаи

пешина
аз 151
навбатӣ