Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
Мақсади пешгӯии молиявӣ ин муайян кардани ҳаҷми воқеан имконпазири захираҳои молиявӣ, манбаъҳои ташаккул ва роҳҳои истифодабарии онҳо мебошад. Маълумоти дар арфти пешгӯӣ бадастомада ба мақомоти идоракунии молия имкон медиҳад, ки вариантҳои гуногуни ҳалли масъалаҳои дар назди субъектони низоми молиявӣ истода ва шаклу усулҳои татбиқи сиёсати молиявиро пешбинӣ кунанд.
Дар назария ва амалия навъҳои зерини пешгӯии молиявиро ҷудо мекунанд:
- пешгӯии молиявии миёнамуҳлат (5-10 сол);
- пешгӯии молиявии дарозмуҳлат (зиёда аз 10 сол).
Дар пешгӯии нишондиҳандаҳои молиявӣ маҷмӯи усулу тарзҳои махсусе истифода бурда мешавад, ки онҳоро ба се гурӯҳ тақсим мекунанд:
- усулҳои арзёбии коршиносӣ (экспертӣ);
- усулҳои экстраполятсия (муқобилгузорӣ);
- усулҳои моделсозии иқтисодӣ-математикӣ.
Усули арзёбии коршиносӣ. Ба коркарди андешаҳои коршиносон дар бораи тағйироти равандҳои молиявӣ, тавассути баргузории чораҳои махсус (пурсишнома, мусоҳиба) асос меёбад. Коршиносон бояд мутахассисони баландихтисосе бошанд, ки ба фаъолияти касбии омӯзиши идоракунии иқтисод ва молияи корхона машғул ҳастанд. Пурсишро аз рӯи пурсишномаҳои махсусан таҳияшуда мегузаронанд.
Усули экстраполятсия. Моҳияти ин усул аз омӯзиши тамоюли гузашта ва ҳозираи рушди объекти пешгӯӣ ва ба оянда гузаронидани онҳо иборат аст (расми 3.3).
Экстраполятсия (аз калимаҳои лотинии extra — берун аз..., дар пасӣ..., ба ғайр аз ва лотинии polire — ҳамвору баробар кардан, тағйир додан, иваз намудан) - ба давраи оянда паҳн кардани тамоюлоти гузашта (экстраполятсия дар замон, масалан, барои тахмини тағйирёбии шумораи аҳолӣ истифода мешавад); ба қисми дигар паҳн кардани маълумоти интихобӣ (экстраполятсия дар фазо).
Сохтани модели иқтисодӣ-математикии нишондиҳандаи молиявӣ марҳилаҳои асосии зеринро дар бар мегирад:
- омӯзиши тағйироти нишондиҳандаи молиявӣ дар муддати муайяни вақт ва ошкор кардани омилҳое, ки ба самти ин тағйирот таъсир мерасонанд;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё