Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мавзӯи 1. ТАЪРИХИ ИНКИШОФИ НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯИ МЕНЕҶМЕНТИ МОЛИЯВӢ

1.1. Таҳаввули менеҷменти молиявӣ
1.2. Марҳилаҳои пайдоиш ва ташаккули менеҷменти молиявӣ дар таркиби назарияи умумии молия

1.1. Таҳаввули менеҷменти молиявӣ

Менеҷменти молиявӣ навъи фаъолияти касбие мебошад, ки барои расидан ба мақсадҳои корхона (ширкат) ба воситаи истифодаи самараноки робита, фонд ва захираҳои мутақобилаи молиявӣ, ки механизми молиявии фаъолияти корхонаро дар шароити иқтисоди бозорӣ ташкил медиҳанд, равона карда шудааст.

Дар қиёс бо баҳисобгирии муҳосибӣ, ки таърихи чандҳазорсола дорад, менеҷменти молиявӣ чун илми мустақил нисбатан ҷавон аст. Пажӯҳишҳои алоҳидаи заминагузор оид ба назарияи молия ҳанӯз қабл аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ бурда мешуданд, вале аввалин асарҳои илмӣ оид ба менеҷменти молиявӣ танҳо дар ибтидои солҳои 60-уми асри ХХ ба табъ расиданд. Дар ин осор фаслҳои асосии назарияи молия бо ҷанбаҳои таҳлилии баҳисобгирии муҳосибӣ ва дар доираи методологияи назарияи умумии идора муттаҳид карда шуда буд. Пайвандкунии назарияи идора, назарияи молия ва қисмати таҳлилии баҳисобгирии муҳосибӣ имкони ташаккули менеҷменти молиявиро фароҳам овард.

Таҳаввули назариёти бунёдгузор дар амалияи менеҷменти молиявӣ якчанд даҳсола давом дошт. Бо вуҷуди ин, оғози раванди ташаккули менеҷменти молиявиро ба баромадани асарҳои Г. Марковитс нисбат медиҳанд. Дар ин асарҳо муаллифи номбурда асосҳои назарияи муосири портфел (ҷуздон)-ро гузошт. Назарияи нархгузории ҳакамии пешниҳодкардаи С. Росс ҳам маъруф аст.

Минбаъд ин фасли назария дар таҳқиқоти бахшида ба нархгузории коғазҳои қиматнок, таҳияи концепсияи самаранокии бозори сармоя, эҷоди моделҳои арзёбии хатар ва даромаднокӣ ва тасдиқи таҷрибавии онҳо, таҳияи олоти нави молиявӣ ва монанд ба инҳо инкишоф дода шуд.

Истилоҳи «менеҷменти молиявӣ» аз ибораи англисии «financial management» гирифта шуда, маънои луғавияш идоракунии молия мебошад.

пешина
аз 151
навбатӣ