Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
Менеҷменти классикии молия чун самти махсуси илми молия беш аз сад сол қабл дар давлатҳои дорои иқтисоди бозории инкишофёфтаи Аврупои Ғарбӣ, Амрикои Шимолӣ рушди худро оғоз кард. Бояд қайд кард, ки дар ибтидо масъалаҳои молиявии таъсиси ширкату корхонаҳои нав, баъдтар идоракунии сармоягузории молиявӣ, муаммоҳои муфлисият, идоракунии зиддибуҳронӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шуданд.
Консепсияи менеҷменти молиявӣ пурратар аз ҳама аз ҷониби намояндагони мактаби англисӣ-амрикоӣ аз қабили: Р.А. Брлей, Ю. Бригҳем, Л. Гапенски, Ч.П. Ҷоунз, Т. Коупленд, Ҷ. Линтнер, С. Майерс, Г.М. Марковитс, М.Г. Миллер, Модиляни, Ж. Перар, Ҷ.У. Петти, С. Росс, Ҷ.Г. Сигел, Ч.Б. Уилямсон, Ҷ. Уэстон, Р.Н. Ҳолт, Ҷ.К. Ван Ҳорн, Ҷ.К. Шим, У.Ф. Шарп иншо гардидааст.
Тафовути аслии усулҳои концептуалии мактабҳои амрикоӣ, ғарбиаврупоӣ ва ҷопонӣ бо тафсири гуногуни самараи левериҷи молиявӣ алоқа дорад. Мазмуни менеҷменти молиявии ширкату корхона ва корпорасияҳо дар осори илмии Р.Н. Ҳолт, Ю. Бригҳем ва Л. Гапенски, Ҷ.К. Ван Ҳорн пурратар тавзеҳ дода шудааст.
Дар натиҷаи ин консепсияҳо заминаҳои менеҷменти молиявӣ ташаккул дода шуданд:
- Назарияи ҷараёнҳои пулии дисконтшуда (Discounted Cash Flow, DCF);
- Усули эквиваленти бидуни буҳрон (Certainty Equivalent Approach, CEA);
- Назарияи сохтори сармоя (Structure of Capital, SC);
- Сиёсати дивидендӣ (Dividend Policy, DP);
- Назарияи интихоби ҷуздонӣ (Portfolio Selection, PS);
- Модели арзёбии даромаднокии активҳои молиявӣ (Capital Asset Pricing Model, САРМ);
- Назарияи муносибатҳои агентӣ (Agency Theory, AT);
- Модели нархгузории опционҳо (Option Pricing Model, OPM);
- Фарзияҳои самаранокии бозорҳо (Efficient Markets Hypothesis, EMH);
- Назарияи иттилооти нобаробар (номутаносиб) (Quality Uncertainty, QU) ва ғ.
Менеҷменти молиявӣ илми нисбатан ҷавон аст. Аввалин маротиба ин истилоҳ чун муайянкунандаи мазмуни идораи молияи корхона, соли 1962 аз ҷониби Т. Коупленд ва Ҷ. Уэстон ба илм дохил

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё