Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
нест. Банақшагирӣ ва таҳияи буҷетҳо раванди ҷориест, ки дар он ҳамеша ҳамоҳангсозии буҷетҳои шуъбаҳои гуногунро амалӣ кардан лозим аст.
3.4. Банақшагирии амалиётии фаъолияти молиявӣ Низоми банақшагирии амалиётии фаъолияти молиявӣ аз таҳияи маҷмӯи супоришҳои кӯтоҳмуҳлатинақшавӣ оид ба таъмини самтҳои асосии фаъолияти хоҷагии корхона иборат мебошад. Вобаста ба амалисозии натиҷаҳои банақшагирии амалиётии фаъолияти молиявӣ онро ба чунин навъҳо тақсим мекунанд:
- буҷет;
- тақвими пардохт.
Буҷет қисми таркибии нақшаи молиявист, ки даромад ва хароҷоти маблағҳо вобаста ба фаъолияти ҷорӣ, сармоягузорӣ ва молиявии корхонаро инъикос намуда, ба муҳлати то як сол ва барои давраҳои гуногун (моҳ, семоҳа, нимсола) таҳия карда шудааст.
Харҷнома - қисмати таркибии буҷет ва нақшаи молиявӣ мебошад, ки дар шакли ҳисобномаи нақшавӣ пешниҳод гардида, талаботи корхонаро ба захираҳои пулӣ дар давраи дарпешистода (семоҳа, сол) муайян мекунад.
Таҳияи буҷетҳои нақшавӣ дар корхона буҷеткунонӣ ном дошта, ба ҳалли ду вазифаи асосӣ равона карда шудааст:
- муайян намудани ҳаҷму таркиби хароҷоти марбут ба фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва шуъбаҳои корхона;
- таъмини фарогирии ин хароҷот бо захираҳои молиявӣ аз манбаъҳои гуногун.
Буҷеткунонӣ технологии банақшагирии молиявӣ, баҳисобгирӣ ва назорати даромад, хароҷот ва натиҷаҳои молиявӣ мебошад, ки корхона ба даст овардааст.
Максади буҷеткунонӣ баланд бардоштани самаранокии фаъолияти молиявии ташкилот аст.
Вазифаҳои буҷеткунонӣ:
- ҳисоб кардани нишондиҳандаҳои дахлдори нақшавии буҷетҳо;
- таҳлил ва муқоисаи нишондиҳандаҳои нақшавӣ ва воқеӣ;
- назорати вазъи молиявии корхона;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё