Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

натиҷаи фаъолияти хоҷагидории корхона ё фирма инъикос менамояд.

  1. Тавозуни ҳисоб - пешгӯии таносуби активу пассивҳо (уҳдадориҳо)-и ширкат, фаъолияти соҳибкорӣ, лоиҳаи сармоягузорӣ ё воҳиди сохторӣ мутобиқи таркиби воқеии активу қарздориҳо бо тағйироти он дар ҷараёни амалисозии буҷетҳои дигар.

Буҷетҳои амалиётӣ:

  1. Буҷети фурӯш - ҳаҷми фурӯшҳоро аз рӯи намудҳои маҳсулот
    ва дар маҷмӯъ, дар корхона бо нишондиҳандаҳои аслӣ ва арзишӣ
    нишон медиҳад;

  2. Буҷети истеҳсолот - ҳаҷми истеҳсолотро аз рӯи намудҳои
    маҳсулот ва дар маҷмӯъ дар корхона, бо нишондиҳандаҳои аслӣ, бо
    назардошти захираҳои маҳсулоти тайёр дар оғоз ва охири давраи
    буҷетӣ нишон медиҳад;

  3. Буҷети хароҷоти мустақими моддӣ - маълумот дар бораи
    харчи ашёву масолеҳ, маснуоту қисмҳои харидоришударо барои
    воҳиди маҳсулот ва умуман дар корхона бо нишондиҳандаҳои
    аслӣ ва арзишӣ дар бар мегирад;

  4. Буҷети хароҷоти мустақими меҳнатӣ - хароҷот барои музди
    кори ҳайати асосии истеҳсолиро бо назардошти сарфи вақти корӣ бо
    нафар-соатҳо ва воҳидҳои тарифӣ инъикос мекунад;

  5. Буҷети хароҷоти иловагии умумистеҳсолӣ - хароҷот барои
    музди кори ҳайати маъмурӣ-идорӣ, муҳандисию техникӣ ва ёрирасонро,
    ки бевосита дар ин коргоҳ машғуланд, иҷорапулиҳо, хароҷоти
    манзилӣ ва дигар хароҷоти марбут ба кори ин коргоҳҳо дар тӯли
    давраи буҷетӣ инъикос мекунад;

  6. Буҷети хароҷоти идоравӣ - маълумот дар бораи хароҷот барои
    музди кори дастгоҳи идора, иҷорапулиҳо, хароҷоти манзилӣ,
    хароҷоти сафарҳои меҳнатӣ, хароҷот барои таҷҳизоти компютерию
    тамос, барои нигоҳубини бинову иншоот, пардохти музди
    хизматрасонии ташкилотҳои машваратӣ, иттилоотӣ, аудиторӣ ва
    дигар ташкилоти беруниро дар бар мегирад;

  7. Буҷети хароҷоти тиҷоратӣ - хароҷот барои реклама, маркетинг, хизматрасонии нақлиёт ва дигар хароҷоти оид ба фурӯши маҳсулоти корхонаро инъикос менамояд.

  8. Буҷети захираи маҳсулоти тайёр - маълумотро дар бораи
    захираи ҳар як намуди маҳсулот дар бар мегирад;

  9. Буҷети хароҷоти мустақими истеҳсолӣ (амалиётӣ) - дар
    сурати лозим будани баҳисобгирии аниқтари хароҷоте, ки онҳоро ба

пешина
аз 151
навбатӣ