Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

вомбаргҳои дарозмуҳлат ва г.) ва «ҷадвали воридоти дивиденду фоизҳо аз василаҳои дарозмуҳлати молиявии ҷузъдони сармоягузорӣ». Рақамҳои фасли якум дар чорчӯбаи харҷноманумуии хароҷот дар мувофиқа бо менеҷерҳои дахлдори сармоягузорӣ, нишондиҳандаҳои фасли дуюм — тибқи шартҳои эмиссияи воситаҳои алоҳидаи ҷузъдони сармоягузорӣ муайян мегарданд.

-тақвим (буҷети сармоявӣ)-и амалисозии барномаи хароҷоти воқеӣ барои корхона дар маҷмӯъ таҳия карда мешавад, агар сармоягузориҳои калон тибқи лоиҳаҳои алоҳида таҳияшуда амалӣ карда нашаванд.

Дар ин навъи нақшаи молиявии ҷорӣ нишондиҳандаҳои ду фасл зикр карда шудаанд — «ҷадвали хароҷоти сармоявӣ» (хароҷоти хариди воситаҳои асосӣ ва активҳои ғайримоддӣ) ва «ҷадвали воридшавии захираҳои сармоягузорӣ» (бо манбаъҳои алоҳидаи онҳо).

-тақвим (буҷети сармоявӣ)-и амалисозии лоиҳаҳои алоҳидаи сармоягузорӣ, чун қоида, бо тақсимкунӣ ба марказҳои дахлдори масъулияти корхона (марказҳои сармоягузорӣ) таҳия карда мешавад.

Дар низоми банақшагирии ҷараёни пулии фаъолияти сармоягузории корхона навъҳои зерини тақвими пардохтҳо таҳия карда мешаванд:

-тақвим (буҷет)-и эмиссияи саҳмияҳо — ин намуди тақвими пардохтҳо 2 навъ мешавад. Агар он то оғози фурӯши саҳмияҳо дар бозори фондии аввалия (ибтидоӣ) таҳия шуда бошад, як фаслро дар бар мегирад: «ҷадвали пардохтҳое, ки омодагӣ ба эмиссияи саҳмияҳоро таъмин мекунанд»; ва агар он барои давраи фурӯши ояндаи саҳмияҳо таҳия шавад, дар таркиби он нишондиҳандаҳои ду фасл инъикос карда мешаванд: «ҷадвали воридоти воситаҳои пулӣ аз фурӯши саҳмияҳо» ва «ҷадвали пардохтҳое, ки фурӯши саҳмияҳоро таъмин мекунанд» (мукофоти комиссионӣ ба миёнаравони сармоягузорӣ, хароҷоти иттилоот ва г.).

-тақвим (буҷет)-и эмиссияи вомбаргҳо — таҳияи чунин ҳуҷҷати банақшагирӣ хусусияти даврӣ дорад. Аз рӯи ҳамон қоидаҳои тақвими эмиссияи саҳмияҳо таҳия карда мешавад.

-тақвими истеҳлоки қарзи асосӣ аз рӯи қарзҳои молиявӣ — ин
навъи тақвими пардохтҳо як фасл дорад — «ҷадвали истеҳлоки қарзи
асосӣ». Нишондиҳандаҳои ин нақшаи молиявии ҷорӣ ба ҳар як
қарзе, ки бояд пардохта шавад, тақсим карда мешаванд. Маблағи
пардохтҳо ва муҳлати иҷрои онҳо тибқи шартҳои қарордодҳояш

пешина
аз 151
навбатӣ