Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
• ба пешгӯии нархи молҳо.
Пешгӯии ҳаҷми фурӯшро одатан барои се соли оянда таҳия мекунанд, зимнан барои соли якум маълумоти моҳона, барои соли дуюм — дар семоҳа, барои соли сеюм бошад, ҷамъи маблағ барои 12 моҳ оварда мешавад.
Мантиқи чунин тақсимот содда аст: дар назар дошта мешавад, ки барои давраи ибтидоии истеҳсол харидорони оянда аллакай аниқ маълум хоҳанд шуд (муҳоҳидаҳои пешакӣ дар бораи фурӯшҳои оянда вуҷуд дорад). Аз соли дуюм сар карда тахмину пешгӯӣ кардан лозим меояд.
Иштибоҳи маъмултарин ҳангоми таҳияи пешгӯии фурӯш пурра ба назар нагирифтани тағйирпазирии тақозост, ки бояд дар фасли «Таҳлили маркетингӣ»-и бизнес-нақшаи оянда мавриди арзёбии амиқ қарор гирад.
Дар ин маврид якчанд лаҳзаҳои хатарнокро қайд бояд намуд, ки метавонанд монеи расидан ба фоиданокӣ ва комёбии тиҷоратии лоиҳа шаванд. Муҳокимаи лоиҳа бояд инъикосгари андешаи таҳиягарон оид ба ҳолатҳои хатарноке бошад, ки мумкин аст бинобар омилҳои берунӣ дар пеши корхона ва соҳа ба миён оянд. Ба ин ҷо муҳокимаи ҳолатҳо аз қабили натиҷаи ихтисори ҳаҷми фурӯш ё ба таъхир афтодани ҳаҷми тарҳрезишудаи истеҳсолро дохил кардан мумкин аст. Ҳамчунин намудҳои махсуси суғуртаи хатари қарзро зикр кардан мумкин аст.
- Нақшаи истеҳсолӣ
Пас аз омода шудани нақшаи фурӯш, нақшаи истеҳсолӣ таҳия ва миқдори воҳидҳои маҳсулоте муайян мегардад, ки корхона истеҳсоли онро ба нақша гирифтааст, то ин ки фурӯши банақшагирифта ва талабот ба захираҳои молию моддӣ таъмин гардад. Ҳаҷми мавриди интизори истеҳсол бо роҳи тарҳ кардани захираҳои арзёбишудаи маҳсулоти тайёри анбор дар оғози давра аз маҷмӯи воҳидҳои барои фурӯш пешниҳодшавандаи маҳсулоти анбор дар охири давра муайян карда мешавад.
- Нақшаи даромад ва хароҷот
Вазифаи ин ҳуҷҷат нишон додани ин аст, ки фоидаи корхона чигуна ташаккул ва тағйир хоҳад ёфт. Заминаи таҳияи онро пешгӯии ҳаҷми фурӯши маҳсулот ташкил медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё