Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ба маънои маҳдудаш менеҷменти молиявӣ чун илме баррасӣ мешавад, ки усулҳои муайяни идоракунии молияи субъектҳои хоҷагидорро дар бар мегирад.

1.2. Марҳилаҳои пайдоиш ва ташаккули менеҷменти
молиявӣ дар таркиби назарияи умумии молия

Дар таърихи ташаккули асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷменти молиявӣ чор марҳиларо ҷудо намудан мумкин аст:
Марҳилаи якум. Зарурати фаъолияти бошуурона, мақсадноки оид ба идоракунии равандҳои иқтисодӣ, хоҷагӣ дар Ғарб ҳанӯз барвақт ба миён омада буд, вале дар назария ва амалия он танҳо аз солҳои 1850-ум амалӣ карда шуд (ин вақтро оғози таърихи идоракунии молия шумурдан мумкин аст).

То солҳои 1860-ум молияи ширкатҳоро кормандони амалӣ идора мекарданд. Татбиқи босамари таҷрибаи онҳо дар ҳар соҳа, истифодаи он дар ҳама гуна ҳолат имконнопазир буд. Донишку таҷрибавӣ буданд. Ҷараёни рушди соҳаи идоракунӣ суст буд. Пас аз оғози марҳилаи якуми ташаккулёбии менеҷменти молиявӣ чун воситаҳои озмоиширо тадриҷан илм ишғол кард. Бо ёрии он истифодаи миқдори маҳдуди сармояро барои ошкоркунии роҳҳои босамари идораи навъҳои алоҳидаи захираҳо ташкил кардан лозим буд.

Ҷудошавии менеҷменти молиявӣ ба сифати илми мустақил ба як қатор заминаҳо вобастагӣ дорад:

  1. Дар нимаи дувуми асри XIX рушди иқтисодии субъектҳои хоҷагидор аломатҳои саросарӣ пайдо кард. Корхонаҳои калон шадидан ба истифодаи усулҳои нави ташаккул ва тақсимоти захираҳо, ташкили шуъбаву хадамоти молиявӣ ниёз доштанд.

  2. Дар ин асно назарияи молия ва корхона таҳия шуд, ки асоси ташаккулёбии илми нав гардиданд. Дар ин марҳилаи инкишоф вазифаҳои менеҷменти молиявӣ аз таҳияи асосҳои умумин таҳлили фаъолияти корхона, эҷоди воситаҳои идораи самараноки истеҳсолот, механизми ангехтани рағбати кормандон, идоракунии қарзи дебиторӣ ва захираҳо, муайянкунии манбаъ ва шаклҳои ҷалби сармоя дар раванди таъсиси корхонаву ширкатҳои навиборат буд. Ҳамин тавр, дар Ғарб менеҷменти молиявӣ дар ибтидои ташаккулёбии худ хусусияти ширкатҳо ва инкишофи онҳоро ба инобат намегирифт.
    Танҳо усулҳои илмӣ ва равишҳои умумии ҳалли проблемаҳои асосии идоракунии молия таҳия шуда буданду халос.

пешина
аз 151
навбатӣ