Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

• соф – фарқи байни селаҳои мусбат ва манфии пулӣ (байни воридот ва содироти воситаҳои пулӣ)-ро дар давраи баррасиишаванда ва бо тақсими он ба фосилаҳои алоҳида муайян менамояд. Селаи пулии соф натиҷаи муҳимтарини фаъолияти молиявии корхона аст, ки ба андозаи беш мувозиннати молиявӣ ва суръати афзоиши арзиши бозории онро муайян мекунад. Селаи пулии софи корхона дар маҷмӯъ, воҳидҳои алоҳидаи сохторӣ (марказҳои масъулият), навъҳои гуногуни фаъолияти хоҷагӣ ё амалиёти алоҳидаи хоҷагии он бо ёрии формулаи зерин ҳисоб карда мешавад.
СПС = СПМус - СПан

Дар ин ҷо: ССФ – ҷамъи селаи пулии соф дар давраи баррасиишаванда;
СМусП – ҷамъи селаи пулии мусбат (воридшавии воситаҳои пулӣ) дар давраи баррасиишаванда;
СПМан – ҷамъи селаи пулии манфӣ (харҷи воситаҳои пулӣ) дар давраи баррасиишаванда.
Вобаста ба таносуби ҳаҷми селаҳои пулии мусбат ва манфӣ ҷамъи селаи пулии софро бо рақами мусбат ва ҳам манфӣ ифода намудан мумкин аст, ки ҳар ду натиҷаи ниҳоии фаъолияти дахлдори хоҷагии корхона мебошанд ва дар оқибати кор ба ташаккули андозаи бақияи дороиҳои пулии он таъсир мерасонанд.
Вобаста ба кифояти ҳаҷми намудҳои зерини селаҳои пулии корхонаро фарқ мекунанд:
– барзиёд – чунин селаи пулиест, ки зимни он воридоти воситаҳои пулӣ аз талаботи воқеии корхона ба харҷи мақсадноки онҳо хеле бештар мебошад. Шаҳодати селаи пулии барзиёд андозаи баланди мусбати селаи пулии соф аст, ки дар раванди амалигардонии фаъолияти хоҷагии корхона истифода бурда намешавад;
– касрӣ – селаи пулие, ки зимни он воридоти воситаҳои пулӣ аз талаботи воқеии корхона ба харҷи мақсадноки онҳо хеле камтар аст. Ҳатто дар ҳолати мусбат будани маблағи селаи пулии соф он метавонад чун селаи касрӣ эътироф шавад, агар ин маблағ талаботи банақшагирифтаро ба хароҷоти мақсадноки тамоми самтҳои фаъолияти пешбинишудаи хоҷагии корхона қонеъ нагардонад. Аломати манфии маблағи селаи пулии соф худ ба худ ин селаро манфӣ месозад.
Вобаста ба усули арзёбӣ дар замон намудҳои зерини селаҳои пулиро ҷудо мекунанд:

пешина
аз 151
навбатӣ