Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Селаҳои софи пулии аз фаъолияти сармоягузорӣ ва молиявӣ танҳо бо усули мустақим ҳисоб карда мешаванд.

Усули ғайримустақими ҳисобкунии селаи пулии соф, ки ба таҳлили моддаҳои тавозун ва ҳисоботи натиҷаҳои молиявӣ асос ёфтааст, барои нишон додани робита байни намудҳои гуногуни фаъолияти корхона имкон медиҳад; робитаи байни фонди соф ва тағйирёбии дороиҳои корхонаро дар давраи ҳисоботӣ аён мекунад.

Ҳисоботи селаи пули соф бо усули ғайримустақим оид ба навъҳои фаъолият ва дар маҷмӯъ барои корхона анҷом дода мешавад.

Оид ба фаъолияти амалиётӣ, ба сифати унсури заминавии ҳисобкунии селаи пулии софи корхона бо усули ғайримустақим, фонди софи он баромад мекунад, ки дар давраи ҳисоботӣ ба даст оварда шудааст. Сипас, бо роҳи тасҳеҳоти дахлдор фонди соф ба нишондиҳандаи селаи пулии соф табдил дода мешавад. Формулаи қоидавии ҳисоби маблағи селаи пулии софи корхона оид ба фаъолияти амалиётӣ дар давраи ҳисоботӣ чунин намуд дорад:

СПСа = ФС + МИВ + ИАҒ ± КД ± Замм ± КҚ ± З,

Дар ин ҷо: ФС – маблағи фонди софи корхона; МИВ – маблағи истеҳлоки воситаҳои асосӣ; ИАҒ – маблағи истеҳлоки дороиҳои ғайримоддӣ; КД – афзоиши (камшавии) маблағи қарзи дебиторӣ; Замм – афзоиши (камшавии) маблағи захираи арзишҳои молию моддӣ (молу масолеҳ), ки ба таркиби дороиҳои гардон дохил мешаванд; КҚ
– афзоиши (камшавии) маблағи қарзи кредиторӣ; З – афзоиши (камшавии) маблағи фонди захира ва дигар фондҳои суғуртавӣ.

Натиҷаҳои ҳисобкунӣ дар ҷадвали 5.3 оварда мешаванд.

Ҷадвали 5.3.
Ҳисобот оид ба ҳаракати воситаҳои пулии корхона, ки бо усули ғайримустақим таҳия карда шудааст

НишондиҳандаСелан пулии мусбат, воҳ.пулӣСелан пулии манфӣ, воҳ. пулӣ
Селаҳои пулӣ оид ба фаъолияти амалиётӣ
-Фонди софи корхона:х
-Хароҷоти истеҳлоки воситаҳои асосӣ.х
-Хароҷоти истеҳлоки дороиҳои ғайримоддӣ;х
-Тағйирёбии маблағи қарзи дебиторӣ:х
пешина
аз 151
навбатӣ