Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

1.2. Фоида аз дигар фурӯшҳо;
1.3. Даромаду хароҷот аз амалиёти ғайрифурӯш (натиҷаҳои ғайрифурӯш):
1.3.1. Аз коғазҳои қиматнок ва аз ҳиссаи иштирок дар корхонаҳои муштарак;
1.3.2. Ҷарима, ҷубронпулиҳои гирифта ва пардохтнамуда;
1.3.3. Фоида ва зарарҳои солҳои гузашта, ки дар соли ҳисоботӣ ошкор шудаанд;
1.3.4. Воридшавии қарзҳо, қарзҳои дебиторӣ;
1.3.5. Воридшавии маблағ аз корхонаву ташкилоти дигари кӯмаки молиявӣ, фондҳои таъйиноти махсус ва ғайра.
2. Фоидаи андозбандишаванда;
3. Фоидаи имтиёзнок (андозбандинашаванда);
4. Фоидае, ки дар ихтиёри корхона мемонад;
5. Фоидаи соф.

Фоидаи тавозунӣ - натиҷаҳои молиявӣ аз фурӯши маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо, аз фурӯшҳои дигар, даромаду хароҷот аз амалиёти ғайрифурӯшро дар бар мегирад.

Фоидаи андозбандишаванда фарқи байни фоидаи тавозунӣ ва фоидаи бо андоз аз даромад андозбандишаванда (фоида аз коғазҳои қиматнок ва ҳиссаи ширкат дар корхонаҳои муштарак), инчунин ҷамъи имтиёзоти андоз аз фоида тибқи қонунгузории андоз мебошад, ки он ҳар вақт тағйир меёбад.

Фоидаи соф - фоидаест, ки пас аз пардохтани ҳама андозҳо, муҷозоти иқтисодӣ ва пардохтҳо ба фондҳои хайрия дар ихтиёри корхона мемонад.

Фоидаи барои тиҷорат ин фарқи миёни нархи фурӯши мол ва нархи хариди он ба шумули хароҷоти истеҳсолот мебошад.

Фоидаи корхонаҳои тиҷоратӣ ифодаи пулии қисме аз маҳсулоти изофа аст, ки натиҷаи фаъолияти тиҷоратии молиявии онҳоро нишон медиҳад.

Фаъолияти ғайрифурӯш (иловагӣ) ҳам даромаду хароҷот дорад, ки ин дар ниҳояти кор натиҷаи холис ё фоидаи софи корхонаро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми фоида ва имконоти афзоиши он бо як қатор омилҳои муҳим вобастагии мураккаб доранд:

  • ҳаҷми фурӯш;
  • сохтори гардиши мол;
пешина
аз 151
навбатӣ