Зеҳн
Фарзанди хуб - боғи падар

Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 23 саҳифа

ОилаМаорифМаърифат
Аз аввал хондан

дар синфҳои 9 ва 10 вақти хирманбардории ҳосили умри ҷигарбандатон, давраи амалӣ гаштани орзуҳои шумо аст. Кӯшиш кунед, ки дар соҳаи интихобкардааш бештар омӯзад, барои омӯзиш шароити мусоид фароҳам оред, кӯмакаш расонед, аммо бандаи молу пулбозаш накунед. Умуман бо умеди маблағ, бо умеди тағою пушту паноҳ ва рафиқу шинос шуда, аз дониши фарзанд сарфи назар карда, орзуҳои худ ва фарзандонро ботил насозед. Кӯшиш кунед, маънавиёташ бой гардад, сипас модиёт (пулу мол) ҳам пайдо мекунад.

  1. Кӯшиш кунед, ки фарзандатон дар давоми ин ду сол дар озмунҳою олимпиадаҳои мактабӣ, ноҳиявӣ, минтақавӣ, ҷумҳурӣ аз фанҳои дилхоҳаш ва аз фанҳои барои касби ояндааш мувофиқ иштирок кунад. Барои ин шумо тарғиб намоед, бо омӯзгоронаш маслиҳат карда роҳнамо бошед. Агар ба муваффақияте ноил гашт, бо сухан (асло бо чизу чора, пулу мол не!) ҳавасманду роҳбаландаш кунед. Хубаш барои мукофоташ ба сайри ҷойҳои таърихӣ, музею намоишгоҳҳо, шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ баред.

  2. Баъди гирифтани “Номаи камол” барои дохил шудан ба мактаби дилхоҳаш кӯмак расонед. Шояд ҷои воқеъшудаи донишкадаро намедонад, шояд маводҳои иловагӣ лозим шуда мемонад. Ба ҳамаи ин корҳо шумо кӯмакрасон шавед. Донед, ки ин “Номаи камол” номаи камоли Шумо ҳам ҳаст. Ёздаҳ сол ҳамроҳи фарзандатон шумо ҳам таҳсил доштед.

пешина
аз 23
навбатӣ