Зеҳн
Фарзанди хуб - боғи падар

Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 23 саҳифа

ОилаМаорифМаърифат
Аз аввал хондан

ФАРЗАНДАТОН ДАР СИНФИ ИБТИДОЙ МЕХОНАД

  1. Донед, ки асоси дониш, одоб, ахлоқ, маърифатро кӯдак дар синфҳои ибтидоӣ мегирад.

  2. Дар синфҳои I-IV хонандагон ҳанӯз рӯзнома надоранд, Шумо аз рӯйи дафтарҳо назорат баред.

  3. Агар ҷадвали дарсии фарзандатон дар болои мизи дарстайёркуниаш бошад, хеле хуб, набушад, талаб кунед, ки онро дар девори назди китобҳояш овехта монад.

  4. Ҳамин ки фарзандатон аз мактаб баргашт, хоҳиш кунед, ки либоси мактабиашро ҳатман иваз кунад. Ба ин одат кунонед. Дар хона бо пӯшоки хонагӣ гардад беҳтар.

  5. Ҳар рӯз дафтарашро бинед, ки чӣ гузаштаанд, кадом мавзӯъро омӯхтаанд, чӣ супориш гирифтааст. Иҷрои вазифаи хонагиро назорат кунед. Вақт надоред, вақт ёбед. Вақт шамшери тез аст.

Падарону модарони азиз! Аниқ муайян кунед, ки кадоме аз Шумо дарстайёркунии фарзандро назорат мекунед. Баъзан ба бародарону хоҳарони калонӣ ин вазифаро вомегузоранд, ки натиҷа намедиҳад. Бародару хоҳарон забон як карданашон мумкин, байнашон муноқиша шуданаш аз эҳтимол дур нест, инчунин, сухани онҳо қурби сухани Шуморо надорад. Ҳатто бо сабаби хабаркашиҳои фарзандони калонӣ байнашон муноқиша ба амал

пешина
аз 23
навбатӣ