Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа
КӮДАКИҲОИ МИРЗО АЗ НИГОҲИ
ИБРОҲИМ АЗИМ
(АЗИМ ЛАЙЛАК)
Мирзоҷон ҳамсоли ман буд. Мо аз синни 6-солагӣ ҳамдигарро мешинохтем. Дар мактаби кӯҳнаву нави Қаратоқ як ҷо сабақ гирифтаем. Барору нобарориҳо, ғаму шодии ин фасли зиндагиро бо ҳам дидаем.
Дар мактаби кӯҳнаю нави деҳа банда, Мирзоҷон, Раҳими Чӯшонӣ, Муҳаммадҳуҷа Имомов ҳамеша ҳамроҳ будем.
Дар таҳсил, рафтору гуфтор ба мо - шарикдарсон Мирзоҷон намуна буд. Тамкини аҷиб дошт ӯ. Ором буд, то суоле намедодӣ ва ё зарурат пеш намеомад, ҳарфе намегуфт. Дӯсти мо ҳам дар мактаби кӯҳна ва ҳам дар мактаби нав аълохон буд. Дар мактаби кӯҳна домулло қариб ҳар дарс ба ғайр аз Мирзо як ё ду бор ба мо бо адабчӯбаш таҳдид мекард. Мирзоро эҳтиром кардани домулло сабаб дошт. Ӯ дорои зеҳн ва ҳофизаи хуб буд. Ҳар мавзӯеро, ки як бор мешунид, дар хотираш нигоҳ медошт ва дар мавриди пурсиши домулло
=13=

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё