Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа
хотираҳояшро дар бораи чӣ гуна бача будани шоир ёдоварӣ кард. Пас, магар чизе ба хотираш расид, ки сар бардошта, ба қиссагӯй пардохт.
- Аз давраҳои кӯдакиамон як хотираи хубе дар ёд мондааст. Ҳангоми бозиҳои кӯдакона: ҷамбарак, аспакбозию бузкашӣ баъзан байни мо моҷаро мехест. Ягон бор нашудааст, ки Мирзо сабабгори ҳамин нофаҳмиҳо гардида бошад. Як чизи дигар, дар мактаби нави Қаратоғ дар байни шарикдарсонамон Мирзо завқи бештари шеърхонӣ ва шеъразёдкунӣ дошт. Китоби Ҳофизро бе душворӣ мехонд ва ҳатто ба таври худ мустақилона маънидод мекард.
Нағз дар хотир дорам, Мирзо дар ҳавлиашон низ дастёри хуб буд, аз саҳро ҳезум, алаф меовард, мол нигоҳ мекард. Вале ҳамин ки аз кори хона фориғ мешуд, "Чоркитоб" мехонд. Мирзоҷон дар 9-солагӣ аз модар маҳрум шуд. Вақти даргузашти модар, рӯзи ҷаноза Усто Турсун набуд. Ӯро одамони амир Олимхон барои иморатсозӣ ба деҳкадаи Душанбе бурда буданд. Усто хоби нохуш дида, аз он ҷо фирор мекунад. Ба Қаратоғ меояд ва писараш - Мирзоро дар ҳолати вазнини беморӣ мебинад. Аввал назди табиб Шайх Иброҳимхоҷа мебарад ва баъд ба табиби машҳур Ҳоҷӣ мулло Саид муроҷиат менамояд. Бо кӯмаки ин табибон Мирзо сиҳат меёбад. Умуман то ҷое, ки медонам, Мирзоҷон аз хурдӣ мушкилнописанд буд. Аз тангдастиву ноҷӯриҳои замона рӯҳафтода намешуд. Вақте ки дар хурдсолии ӯ модараш холаи Холбибӣ аз бемории вабо мефавтанд, сабру таҳаммулро пеша карда ба падар дар зиндагӣ қанот

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё