Зеҳн
Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

будани замона дӯстамон Иброҳим Азимро волидонаш барои идомати таҳсил рухсат надоданд. Азми Мирзоҷон барои идомати таҳсил қатъӣ буд. Бо ҳамин мақсад нимаи аввали соли 1925 ба роҳ баромадем. Гоҳ пиёдаю гоҳ савора (ҳаракӣ) аз ин домана ба он доманаи қаторкӯҳҳои Ҳисор гузашта, қарибиҳои шом ба Душанбе расидем. Вале мо - Абдураҳим у банда шабро дар қишлоқи Душанбе рӯз карда, пагоҳӣ ба деҳаи Қаратоқ баргаштем. Баъди ин чанд сол аз тақдири минбаъдаи Мирзо бехабар будем. Тахмин нимаҳои аввали солҳои 50-уми қарни XX шоир ба деҳаи Қаратоқ ташриф оварда, дар сӯҳбати хосаи назди соҳил дар бораи идомаи сафарашон чунин қисса карда буданд:

-Пагоҳии рӯзи ба Қаратоқ баргаштани шумо банда суроғу пай карда парваришгоҳ (интернат)-ро ёфтам. Бисёриҳо ин ҷоро ятимхона ҳам мегуфтаанд. Чунки аксар ятимон таҳсил мекарданд. Дар интернат ҳар касеро қабул намекарданд. Аввал аз санҷиш мегузарониданд ва агар ба талаботашон ҷавобгӯ бошӣ мепазируфтанд. Ҳангоми санҷиш аъзои комиссия маро саволборон карданд. Ба ҳамаи пурсишҳошон ба таври қаноатбахш посух додам. Ба интернат қабулам карданд. Аз хурсанди шабу рӯз машғулиятам мутолиаи китоб буд...

пешина
аз 28
навбатӣ