Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа
муддат харидор ҳам пайдо шуд. Суроғаи харидорро ёддошт гирифта, пули ночизро ба ҷайб задему аз бозор берун шудем. Мирзо борхалтай сафарро дар шафати худ гузошта, китоб мехонд. Ин лаҳза бо Ҳофиз ном марде аз деҳаи Қараток рӯ ба рӯ шуда, суроғаи харидорро ба ӯ додем ва илтимосу хоҳиши бисёр кардем, ки ба Махсуми Зоғпо рафта бигӯяд, ки фалон мард, бо фалон нарх харашро харидааст. Агар даркор бошад, ба деҳаи ӯ омада харашро бигирад.
Баъди як рӯз Махсуми Зоғпо ба деҳаи Кулмунда омада, харашро ёфта гирифтааст ва шукрона намудааст, ки хайрият бачаҳо оқилона рафтор кардаанд...
Баъди ин андешаҳо бобои Абдураҳим магар хаста шуд, ки аз қиссагӯй бозистод. Даст ба ҷабин бурда даме сукут кард. Ва лаҳзае пас хушҳолона ба рӯям нигариста таъкидомез гуфт:
- Додар он замон ба сафар баромадан ҳам хавфу хатар дошт. Хусусан дар роҳи Ҳисор - Душанбе роҳзану дуздон, авбошон зиёд буданд. Баъди фурӯхтани хар мо пои пиёда сафарро идома додем. Вале ростӣ аз хатари роҳ, воҳимаҳое, ки аз мардум шунида будем, ҳарос доштем, метарсидем. Аз як тараф ҳар се хеле ҷавон, 13 - 14 сола бошем, аз тарафи дигар ҳамроҳ ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надоштем. Тарсидаю ваҳмида пеш мерафтем. Қарибиҳои бегоҳ дар наздикии деҳаи Чарбулоқи Душанбе як гурӯҳ ҷавонон пайгирамон шуданд. Борҳалтаамонро тагурӯ карда, ҳамон як пора фатири қокро гирифтанду дигар кордор нашуданд. Баъд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё