Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа
меравем. Шабро он ҷо рӯз карда, пагоҳ аз паи ҷустуҷӯи интернат мешавем.
Ин андеша ба Мирзову Муҳаммадӣ маъқул шуд. Вақти говгум ба кофтукови осиёб сар кардем. Дар роҳи сангфарш нав 200 - 250 метр қадам зада будем, ки дар муқобили мо як аробаи аспӣ омад. Чун ароба наздиктар омад, бобоямро шинохтам ӯ чанд халта ордро ба ароба бор карда куҷое бурдани буд. Моро дидан замон маро шинохт ва дӯғу пӯписа кард, ки дар ин торикӣ ин ҷо чӣ кор мекунем. Банда, Мирзоҷон ва Муҳаммадиро ба ароба савор кард ва хеле роҳ рафтем. Сипас баргашта ба осиёб омадем ва шабро он ҷо рӯз кардем. Бобоям моро хеле сарзаниш кард, ки дар ин замони нотинҷ чӣ хел ба Душанбе омадем. Ва ба ҳар сеямон амр кард, ки ҳатмӣ ба Қаратоқ баргардем. Ману Муҳаммадӣ субҳи он рӯз ба деҳа баргаштем. Вале Мирзоҷон, ки дар хондан азми қатъӣ дошт, бо мо ҳамроҳ нашуд. Дар Душанбе монд. Баъди ин мо чандин сол Мирзоро надидем. Бо гузашти солҳо фаҳмидем, ки ӯ дар парваришгоҳ (интернат) ва шаҳри Тошканд таҳсил карда, соҳиби маълумот гардидааст...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё