Зеҳн
Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

донишмандони машҳур Мирзо Нӯъмони Каҳбанд (Мафтун), Мулло Тағоймуроди Танбӯрӣ (Хичил) ва Мирзо Мақсуд қурбони ин балои ногаҳонӣ мешаванд.
Модари Мирзо Турсунзода - Холбибӣ низ аз бемории вабо вафот мекунад. Дар ҷанозаи модар падараш Усто Турсуни дуредгар ҳузур надошт. Ба ин авзои носолими сиёсии он замон сабаб гардид. Ҳафтае қабл аз фавти модари Мирзо дар Бухоро инқилоб рӯҳ медиҳад. Охирин намояндаи сулолаи Манғитиён амир Олимхон ба ҷониби Бухорои Шарқӣ рӯ ба гурез ниҳода, як заб дар Қаратоқ меҳмон мешавад ва баъд ба Душанбе раҳсипор гардида, он ҷоро фароғатгоҳи доимии худ қарор доданӣ мешавад. Бо ин мақсад амири гуреза аз тамоми қаламрави водии Ҳисор устоҳоро ҷамъ карда, ба сохтмони осоишгоҳ сафарбар менамояд. Усто Турсуни дуредгарро низ нӯқарони амир маҷбуран ба Душанбе мебаранд. Устоҳо дар он ҷо мисли зиндониён таҳти назорати қатъии одамони амир буданд. Зери офтоби гарми аввалҳои тирамоҳ бе танаффус кор мекарданд, вале нони серӣ намехӯрданд. Шаб бошад, оғилхонаи ифлосе ҷои хоби онҳо буд. Шабе Усто Турсун бо як гурӯҳ дӯстонаш аз оғилхона мегурезанд ва аз тариқи доманакӯҳҳо, дараи Алмосӣ, деҳоти Хӯҷачилдиёру Тӯдаро убур карда ба Қаратоқ меоянд ва танҳо дар деҳа усто аз фавти ҳамсараш ва касалии вазнин будани писараш Мирзо огоҳ мешавад.

пешина
аз 28
навбатӣ