Зеҳн
Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Дар яке аз нишастҳои соҳили дарёи Қаратоқ, дар ҳузури шоир, аз гап гап баромаду банда аз Ҳофизхониҳои Турсунзода ёд кардам:
  • Мирзоҷон, сухан аз даҳони Луқмон хуш аст, - мегӯянд. Илтимос ҳамон лаҳзаҳоро худатон ба хотир меовардед.
    Турсунзода каҷпаҳлу зада, бо чеҳраи шукуфта он рӯзҳоро чунин ёдовар шуданд:
  • Падарам Усто Турсуни дуредгар бисёр саҳархез буданд, - гуфтанд Мирзоҷон. - Ҳар рӯз пеш аз дамидани субҳ хеста, баъди адои намози бомдод то парешон гардидани партави офтоб дар устохонаашон дуредгарӣ мекарданд. Аз тарақ - тарақи теша ман ҳам бедор мешудам ва дигар хобам намебурд. Ҳангоме, ки субҳ дамид наҳорӣ накарда, китоби ғазалиёти Ҳофиз дар даст болои бом мебаромадам ва сабақҳои дар мактаби кӯҳна додаи муллоро такрор мекардам.
    Аз ҳавои тозаи соҳил дар субҳи солеҳон илҳоми тоза мегирифтам. Шеърҳои Ҳофизро ба таври ифоданок, бо овози баланд мехондам ва ғарқи қироат мешудам.
    Дар яке аз чунин рӯзҳо нав як ғазали Ҳофизро қироат карда будам, ки аз он сӯи соҳил, аз гузари Сурхӣ овози дилҳароши меҳтар (сурнай) баромад. Ҳайрон шудам, ки дар ин пагоҳии барвақт навохтани меҳтар ба кадом сабаб бошад. Ман қироат мекардаму меҳтар овозамро паҳш мекард ва ҳеҷ фаҳмида наметавонистам, ки дар он сӯи соҳил чӣ гап аст.

Ин ҷо бо як табассуми ширине Мирзоҷон риштаи
суханро ба дӯстамон ҳунарманди мумтоз Иброҳим
Азим (Азим Лайлак) доданд.
=11=

пешина
аз 28
навбатӣ