Зеҳн
Баҳор боз меояд...

Маҷмӯаи шеърҳои Робия Холмирзо мебошад, ки таронаҳои муосири зиндагиро дар бар мегирад. Шеърҳо аз дили саршори меҳру муҳаббати шоира берун омада, гармиву рӯшноиро ба дили хонандагон интишор медиҳанд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 76 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

БАҲОР ҲАМ РАСИДАНИСТ...

Баҳор ҳам расиданист,
Баҳори ошнову роздони мо
расиданист,
Ба базми ошиқони пир
Мусоҳиби ҷавони мо расиданист.

Биё, барои ҳурматаш
Зи ишқ гуфтугӯ кунем
Ва байтҳои хуфтаро
Зи кунҷи зеҳн ҷустуҷӯ кунем.

Баҳор, эй дугонаи азиз, эй Баҳор,
Қасам, ки бе ту ранг дар замона нест,
Бидуни ту дубайтиву тарона нест,
Ҳузури ту далели он бувад,
Ки ишқи поку ростин фасона нест!

Баҳор, эй дугонаи азиз, эй Баҳор,
Ба боғҳои хушки зиндагӣ
Биёву накҳати фасонаро биёр!

пешина
аз 76
навбатӣ