Баҳор боз меояд...

Маҷмӯаи шеърҳои Робия Холмирзо мебошад, ки таронаҳои муосири зиндагиро дар бар мегирад. Шеърҳо аз дили саршори меҳру муҳаббати шоира берун омада, гармиву рӯшноиро ба дили хонандагон интишор медиҳанд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 76 саҳифа
АФСОНА ВА ИШҚ
Зиёну заҳмати номардумон дур
Зи ман дуди сипанди ишқ кардаст.
Ҳақиқатҳои талхи зиндагиро
Дилам ширин ба фанди ишқ кардаст.
Куҷо майли тавофи шамъ дорад
Пари бикшодаи парвона бе ишқ?
Муҳаббат қудрати афсонасоз аст,
Набошад ҳеҷ як афсона бе ишқ.
Нахуст афсона буд ё ишқ, шояд
Ҷавобашро надонад одами хом,
Валекин пухтагон гӯянд дарҳол,
Ки аввал бода пайдо гашт, пас ҷом.
Куҷо рафтаед, эй афсонасозон,
Ҳақиқат ишқро душман гирифтаст.
Чу ман вомондаи афсонаҳоям,
Муҳаббат дӯстӣ бо ман гирифтаст.
Муҳаббат ҷавҳари афсонаҳо буд,
Замони кӯтаҳи афсонаҳо рафт.
Чу рафт аз байни мо афсонагӯй,
Муҳаббат ҳамраҳи афсонаҳо рафт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё