Зеҳн
Баҳор боз меояд...

Маҷмӯаи шеърҳои Робия Холмирзо мебошад, ки таронаҳои муосири зиндагиро дар бар мегирад. Шеърҳо аз дили саршори меҳру муҳаббати шоира берун омада, гармиву рӯшноиро ба дили хонандагон интишор медиҳанд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 76 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ДӮСТ ЭЙ ДӮСТ...

Дӯст, эй дӯст,
Аввалин ҳарфе, ки мегӯям ман андар остонат,
Ё илоҳ аст,
Хонаи ту хонақоҳ аст,
Аз хати сабз
Рӯи пурнури ту Қуръони нигоҳ аст.

Дӯст, эй дӯст,
Хонаат чун хонақоҳ аст,
Аз шароби завқ ин ҷо маст ногаштан гуноҳ аст.
Ман тамоми шаҳрро таҳқиқ кардам,
Гар Худо оинае дорад, дили девонаи туст,
Маърифат нуқли шароби суҳбати риндонаи туст.

Пири Бастом
Борҳо бар хонаи ту рафтуо мекард,
Бо муҳаббат
Бо ману бо чанд чун ман
Суҳбат аз боби Худо мекард.
Низ Мансур
Гоҳ-гоҳе мерасиду хонаат пур аз Худо мешуд,
Дил ба ин ҳикмат, ки ҷон аз баҳри ҷонон аст,
беҳтар ошно мешуд.

пешина
аз 76
навбатӣ