Зеҳн
Баҳор боз меояд...

Маҷмӯаи шеърҳои Робия Холмирзо мебошад, ки таронаҳои муосири зиндагиро дар бар мегирад. Шеърҳо аз дили саршори меҳру муҳаббати шоира берун омада, гармиву рӯшноиро ба дили хонандагон интишор медиҳанд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 76 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

НӮШБОДИ СОЛИНАВӢ

(Ба дӯстам Гулчеҳра)

Соли нав пушти дари хонаи мост,
Боз як соли дигар пир шудем.
Дар талоши каму беши қисмат
Гоҳ шоду гаҳе дилгир шудем.

Рафт як соли пур аз шодиву ғам,
Гоҳ нолидаву гаҳ хандидем,
Ноз кардем гаҳе бар ёрон
Гаҳ зи бемеҳриашон ранҷидем.

Пас, биёед дар ин шаб бо ҳам
Ҷоми саршори муҳаббат нӯшем.
Ранҷи танҳоии худ дур кунем,
Ҷомаи меҳру муҳаббат пӯшем.

Давр ронем, ки ин даври ҷаҳон
Эй басо давр занад бе ману ту.
Бода бишмору камишмор адад,
Ки басо ҳаст адад бе ману ту...

пешина
аз 76
навбатӣ