КИТОБИ ОРЗУҲО

бардошт. Аз тарс дар ҷоям шах шудам.
– Эъ бача, ту чӣ кор карда истодаӣ? Охир, болои миз пур аз заррачаҳои намак буд. Акнун чашмонам гӯё дар алов месӯзанд!!! – бо дастонаш чашмонашро молида бо алам гуфт ӯ.
Давида рафта аз хонаамон, ки ба мағоза хеле наздик буд, як косаи калони мисиро пури об карда овардам. Мехостам чашмонашро бишӯям, то шояд каме ба дардаш сабукӣ биёрад. Пешаш расидам. Нав овоз бароварда, мақсадамро гуфтанӣ будам, ки дастонашро баланд бардошт ва косаи дасти манро аз пушташ зада ба замин афтонд. Оби коса ба рӯи қутии қандҳо рехта, онҳоро тар кард. Дигар акаи Саидвалӣ дар ҳолати вазнини асабоният қарор дошт. Ҳар чӣ ба ин тарафу он тараф нигарист, чизи муносибе наёфт, ки ба сари ман партояд. Қаблан ба фикраш нарасида буд, ки чубе ё чизи дигареро, барои ин гуна рӯзҳо омода намояд. Ҳанӯз ҳам чашмонаш месӯхтанд ва ӯ онҳоро мемолид. Ногоҳ чашмам ба китобе бархӯрд. Давида гирифтамаш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё