Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нарху наво кард, савдояшон пухт ва дар охири кор дӯстам музаффарона якеро ба ангӯшт кард ва аз банда пурсид:
– Чи тур аст ба назарат? Хеле зебост, ҳамин тавр не?
– Бале, бисёр зебид, муборак бошад, илоҳӣ, ҳамеша ба хурсандӣ истифода барӣ!
– Ташаккур, дӯстам, барои таманниёти нек! Акнун навбати ту! Биё, боз барои ту як давр мезанем. Бибинем, ту чӣ гунаашро меписандӣ!
– Раҳмат, ман ангуштарӣ хариданӣ нестам, танҳо як рӯймолу як либоси махмали гулдор мегирам.
– Агар пулат нарасад, ман ҳамроҳам дорам, медиҳам, баъдан медиҳӣ.
– Не, мушкил сари пулаш нест.
– Пас, сари чист? Ман намефаҳмам, ҳоло он қадар пир нестӣ, аммо мисле, ки мурғи дилат дер боз мурдааст. На ороише мекунӣ, на рангу боре ба рӯят мезанӣ, на гӯшвореву на ангуштаре мекунӣ. Мисли кампирҳои асри нуздаҳум, шояд аз он ҳам пештар. Зани ҷавон бояд як зарра ба худаш аҳаммият диҳад, ба худаш бирасад.

пешина
аз 95
навбатӣ