Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

танҳо нисори банда мегашт. Аз хурдӣ ба ман таваҷҷуҳ зиёд менамуданд, хусусан модарам, ки хеле зани ҳунарманду дӯзандаи хуб буд.
Куртаҳое медӯхт, ки хеле зебову дилнишин буданд. Маҷаллаҳои ҳамонвақтаи даврони Шӯравиро варақ мезад, агар тарҳи пироҳане писандашон мешуд, ҳатман онро бароям медӯхт. Ба ман мепӯшонд ва бо ҳавас тамошо мекард. Ман аз ин гуна либосҳо зиёд доштам.
Яъне, танҳо барои меҳмониравӣ набуданд.
Дар бозӣ ҳам аз ҳамин гуна либосҳои зебои дӯхти модарам мепӯшидам. Аксари вақтҳо мавриди рашку ҳасади дугонаҳоям қарор мегирифтам.
– Ин куртаи урусӣ дора, дар бозӣ танаш намегирем.
– Оҳо, дар ин ҷоҳояш банд бастай, ай қафош думаш мондиян, ҳа-ҳа-ҳа.
Мавҷи хандаи дӯстонам баланд мешуд ва ман музтару ҳайрон мемондам. Баъзан давида хона меомадаму бо гиряву шеван аз модарам талаб мекардам, ки он «дум»-ро бибурад.
– А, духта, ин тасмаи миёнаш аст, агар инро бибурем, безеб мешавад.

пешина
аз 95
навбатӣ