КИТОБИ ОРЗУҲО

Рисолати нависанда, пеш аз ҳама, тарбияти инсони комил буда, ба мақсад он гаҳ мерасад, ки бо истифода аз таҷрибаи талху ширини зиндагӣ суханварӣ кунад, ҳунармандона сужаҳое офарад, ки новобаста ба гузашти давру замон қиматашон коста нагардад. Ва агар он нависанда бо ҳамаи сифоти мазкур бонуи хонадон, модари фарзандон ва бар замми ин дорандаи дипломи омӯзгорӣ бошад, ин рисолат бояд ба таври боиставу шоиста иҷро шавад. Маҷмӯае, ки дар даст доред, бо навиштае оғоз мегардад, ки «Ассалому алайкум» унвон шуда. Пас, Дилафрӯзи Қурбонӣ рисолати воқеии хешро амиқ дарк карда. Умедворам, ки хонандагон, бешак, баъди мутолиаи ҳикояҳои «Аҷаб зебост!», «Офатат бизанад, илоҳим!», «Хидмати бепул» ва чанди дигар ҳамназарам хоҳанд буд.
Банда аз рӯйи табиати қалами хеш аксаран воқеаҳоро бо пирӯзиҳои қаҳрамонон анҷом мебахшам. Вале чӣ метавон кард, ки зиндагӣ оганда аз хайру шарр аст. Баъзан воқеаву ҳодисаҳое рӯй медиҳанд, ки ... «Худо туро бубахшад» – сужаи ин достони хурд чанд лаҳзаи охири ҳаёти Саодат ном модари ҷавони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё