Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

баргаштабахтро бозгӯйӣ мекунад, ки дар назари аввал аз сабуксарии қаҳрамон дарак медиҳад. Модари ҷавон, ки дар сар падару модар ҳам дорад, бо як таънаи ноҷои шахси сабукмағзе (аслан ин баҳона бояд бошад, на сабаб) худро оташ мезанад. Табиист, ки ӯ аз карда пушаймон ҳам мешаваду дар дами марг пеши зодмандон узр ҳам мехоҳад. Ба андешаи камина, агар муаллиф дунёи ботинии Саодатро пеши хонандааш мекушод, сабаби аслии дар лаҳзаи «аффект» ба худсӯзӣ даст задани қаҳрамони хешро ошкор месохт, комёб мешуд.
Дар зеҳни ҳар соҳиби қалам баъди хондани асари воқеан арзанда чунин фикр пайдо мешавад: «Кош ин чакидаи қалами ман мебуд...» Ба пиндори ин ҷониб, ҳамин ҳавасхӯриҳо (на ҳасадхӯриҳо) дар адабиёти мо боиси ба миён омадани мухаммасбандиҳову тазмин карданҳо бар ғазалиёти шоирони бузург гардидааст. Дар наср низ гоҳе чунин ҳолатҳо рух медиҳанд. Яъне, нависандагон низ аз ҳамдигар илҳом мегиранд. Ҳикояи басо ширини «Китоби орзу» ҳам, чунонки Дилафрӯзи Қурбонӣ дар поварақ ишорат кардааст, пас аз мутолиаи «Қиссаҳои Маҷид»-и Ҳушанги Муродии Кирмонӣ эҷод шудааст.
Дуо мекунем, ки омӯзишҳо аз ин ҳам бештару хубтар самар диҳанд, доираи мавзӯъҳои ҳикояҳои ин эҷодкор васеъ гардад. Дилафрӯзи мо чун ағлаб бонувони насрнавис дар нимароҳи фаъолият хастагӣ эҳсос накунад, аз пайи сайқал додани истеъдоди хеш дар талош бошад, то қуллаи баланди эҷодиро фатҳ кунад ва пас аз нахусткитобаш, ки бо таманно «Китоби орзуҳо» номидааст, осори зиёде ба дасти китобдӯстон расонад.

пешина
аз 95
навбатӣ