КИТОБИ ОРЗУҲО

мо он аслиҳаро бар зидди худамон истифода мекунем? Дар ҳаққи ҳамдигар дуоҳои бадро дареғ намедорем? Мардум беҳуда намегӯянд:
«нияти нек ними давлат». Бояд дар ҳаққи ҳама наздикон талаби хайр намоем. Нияти нек дошта бошем. Дуо кунем, ки Худо аз балову офатҳо ҳифзашон кунад. На ин, ки ин ҳама балову мусибатро барояшон худамон аз Худо бихоҳем. Охир модари гиромӣ, вақте фарзандат ғам дар сараш омад ё дар ягон мусибати дигаре гирифтор шуд, аввалин касе, ки дар ҳаққаш месӯзад, худат ҳастӣ! Хок бар сараш, ки гашт, пас, боз ҳам вой бар ҳоли зори ту! Дар ғаму ҳасрати фарзанд сӯхта кабоб мегардӣ. Ё сиёҳпичамаргаш ки бикушад, боз домани Худоро мегирӣ, чаро фарзандони дигарон истодаасту танҳо аз туро гирифтааст? Албатта, ин ҷо ба тақдир ҳам вобаста аст, вале Пайғомбарамон (саллаллоҳу алайҳи васаллам) иршод фармудаанд: «Ҷуз дуо ҳеҷ чиз наметавонад тақдирро иваз кунад ва ба ҷуз некӣ ҳеҷ чиз наметавонад умрро изофа кунад». Ё зане, ки ҳамсарро баъд аз баҳсу ҷанҷоли хонаводагӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё