Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

дуои бад гирифтор кардию ҳам маро гунаҳкор!
Ба модарам ва дигар аҳли наздикону хешон таъкид мекард, ки дар ҳаққи якдигар дуои бад накунем.
– Хусусан дуои падару модар аз ҳама бештар таъсиргузораст ва зуд мустаҷоб мешавад.
Бинобар ин дар ҳаққи бачаҳоятон фақат дуои нек кунед! – мегуфтанд.
– Охир, ин бачаҳо сарамонро вайрон мекунанд ва дар ҳоли асабоният чӣ гуфтанамонро худамон ҳам намедонем, – изҳори норизоӣ мекарданд пайвандон.
– Бисёр, ки гизала шудӣ, ба ҷои гуфтани сиёҳпичамарг, эҳ, Худо бахтат диҳад бигӯ. Дар ҳамон ҳолати сарвайронӣ бояд худатро идора карда тавонӣ. Одами муъмин чӣ дорад? Сабр!
– посухашон медод бибии раҳматиям.
Воқеъан, имрӯз асабҳои нозуки мо чунон хастае шудаанд, ки бо камтарин баҳонае борони дуову дашномро бар сари фарзандону наздикон мерезем. Фикр намекунем, ки бо ин амал ва рафтору гуфторамон теша бар решаи худ мезанем. Вақти он расидааст, ки лаҳзае,

пешина
аз 95
навбатӣ