КИТОБИ ОРЗУҲО

Андӯҳгинона ба гӯшаяке рафта, бо сари хам паст-паст гуфтугӯ мекарданд. Дар ин ҷо мо ба худ хулоса баровардем ва ба якдигар гуфтем:
Шояд писари бечораашонро маҷбуран ба хидмати ҳарбӣ овардаанд ва онҳо ба хабаргирияш омаданд. Вале дидори писар муяссарашон нагашта истодааст. Ногаҳон Майна-хонум парида ба болои дарвоза нишаста, нигоҳи озмоишкоронаашро ба шавҳараш андохт. Шавҳар низ ӯро зиёд муаттал накарда, аз паяш ба парвоз даромад ва рафта дар паҳлӯяш нишаст. Пас аз чанд сонияи дигар ҳарду парида, ба тарафи ҳавлии қисми ҳарбӣ рафтанду аз назари мо нопадид гаштанд. Аслан, ҳеҷ боварамон намеомад, ки модар ин ҳама роҳро тай карда биёяду аз пушти даре, ки ҷигарбандаш он ҷост, ақиб гашта равад. Чунон ки модари худам ҳангоми хидмати ҳарбӣ рафтани бародарам бо ҳазорон заҳмат ба дидору мулоқоташ мерафт.
– Ёдат ҳаст, додари апаш, модарам барои хабаргирии ту чӣ қадар азоб мекашид? Баъзан вақт барои дидорбинӣ иҷозаташ намедоданд, вале ӯ истодагарӣ мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё