Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

бобарорро ба ҳам орзу мекунанд. Агар ин амалро фаромӯш кунанд, ҳатман дигарӣ ёдрасаш мекунад: чӣ шуд, забонатро хурдӣ магар, ки қоидаи одамгариро ба ҷо намеорӣ?
Дар кӯчаву хиёбон низ ин расмро ба таври ҷиддӣ иҷро мекунанд. Дар ҳолати дӯсту ошно ё хешу таборро вохӯрдан ҳатман «Здравствуйте» гуфта, аз якдигар аҳволпурсӣ мекунанд.
Агар дурусттар диққат кунем, решаи ин калима «Здрав» аз калимаи «Здоровье» иборат аст, ки маънояш «Саломатӣ» мебошад. Вақте мегӯянд, «Здравствуйте», яъне, «ба шумо саломатӣ мехоҳем». Ҳамон «Ассалому алайкум»-и мо. Ҷавонони рус ба ҷои салом, бештар «привет»-ро ба кор мебаранд, ки мутаассифона, дар ҷавонони мо низ ин калима истифодаи зиёд дорад.
Дар мо агар муҳитҳои кориро ба назар нагирем, дар хонаву манзил ин қоидаҳо кам ба чашм мехӯранд. Ҳатто ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки вақте як нафар аз аъзои хонавода ба дигарӣ салом диҳад ё рӯзи хушу шаби хуш орзу намояд, мавриди хандаву тамасхур ва истеҳзои атрофиён қарор мегирад.
«Оҳо, ин шаҳрӣ шудааст-ку! Худашро «културний» мегирад!» – гуфта механданд, ки

пешина
аз 95
навбатӣ